Касим-Жомарт Токаев бо президенти бонки Аврупоии тачдид ва рушд Одил Рено-Бассо мулокот намуд, ки барои иштирок дар чаласаи 36-уми шурои сармоягузорони хоричи ба Казокистон омад. Дар чараёни мулокот чонибхо дурнамои хамкорихои сармоягузориро, ки ба рушди бахшхои асосии иктисодиёти кишвар равона шудаанд, барраси намуданд.

Президент Токаев ахамияти стратегии хамкори бо БАТР-ро баланд арзёби намуда, сахми назарраси бонкро дар рушди иктисодии Казокистон кайд намуд. Мусохибон татбики лоихахоро дар сохахои тичорати хурд ва миёна, молия, хочагии манзили, энергетика, тандурусти, кишоварзи, наклиёт ва IT барраси намуданд. БАТР ният дорад, ки дар солхои наздик ба иктисоди Казокистон 2 миллиард евро сармоягузори кунад ва ба лоихахои гузариши “сабз” диккати махсус дихад. Соли 2024 бонк барои татбики 22 лоихаи сармоягузори дар кишвар 650 миллион доллар чудо мекунад.

Одил Рено-Бассо кайд намуд, ки БАТР имкониятхои сармоягузории Казокистонро фаъолона меомузад ва ба дастгирии минбаъдаи рушди инфрасохтории он манфиатдор аст. Бонк ният дорад, ки хамкориро дар самтхои мусоидат ба рушди устувор, навсози ва бехтар намудани шароити сармоягузорон таквият дихад.
Рено-Бассо тартиби хариди Фонди “Самрук-Казина”-ро мусбат арзёби намуда, шаффофият ва эътимоднокии онхоро барои ширкатхои карздиханда кайд намуд. Ин аз сатхи баланди эътимод ба системаи хариди фонд ва сахми он дар бехтар намудани фазои тичорат шаходат медихад.
Дар анчоми мулокот Токаев ва Рено-Бассо масъалахои мубрами рушди иктисодии чахонро барраси намуда, ахамияти хамкорихои байналмилалиро барои рушди устувор таъкид намуданд.
Аксхо: Хадамоти Матбуоти Акорда