Душанбе, 04 ноябр, – АИ «Корвон Иттилоот». 3 ноябр, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо гурӯҳи кормандоне, ки барои ишғоли вазифаҳои роҳбарикунандаи як қатор ниҳодҳои давлатӣ пешбарӣ шудаанд, мулоқот анҷом доданд.

Тағйироти кадрӣ дар Прокуратураи генералӣ, вазоратҳои энергетика ва захираҳои об, меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ, Хадамоти алоқа, инчунин дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ сурат гирифт.
Дар асоси дастуру супоришҳои Сардори давлат дар мақомоти прокуратура як қатор таъиноти нав амалӣ гардид.
Ба ҳайси прокуророни Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳои Хатлон ва Суғд, ҳамчунин шаҳрҳо ва ноҳияҳои Хорог, Хуросон, Балҷувон, Шаҳритус, Зафаробод, Спитамен, Деваштич, Рашт, Файзобод ва прокурори ҳарбии гарнизони Рашт афроди ҷавон, соҳибтаҷриба ва пурмасъулият таъин гардиданд, ки фаъолияти онҳо бо донишу малакаи баланд тавсиф меёбад.
Бар асоси қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таъиноти нав инчунин дар дигар соҳаҳо амалӣ гардид.
Аз ҷумла:
- директори Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ назди Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ;
- муовини вазири энергетика ва захираҳои об, муовинони якум ва дуюми сардори Хадамоти алоқа, раиси Комиссияи давлатии Тоҷикистон оид ба конҳои фоиданок;
- ректорони Донишгоҳи славянии Русияву Тоҷикистон, Донишгоҳи технологии инноватсионӣ ва рақамии Тоҷикистон, филиали Донишгоҳи давлатии Москва ба номи М. Ломоносов дар Душанбе ва Институти исломии Тоҷикистон ба номи Имоми Аъзам Абу Ҳанифа аз ҳисоби мутахассисони баландихтисос таъин гардиданд.
Назарзода Аваз, прокурори вилояти Хатлон, аз вазифа озод ва аз мақомоти прокуратура хориҷ карда шуд — барои риоя накардани санадҳои меъёрии соҳа ва содир намудани кирдоре, ки шаъну эътибори корманди мақомоти ҳифзи ҳуқуқро паст мезанад.
Дар ҷараёни мулоқот бо роҳбарони навтаъин Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид намуданд, ки вазифаи асосии онҳо таъмини волоияти қонун, сулҳу субот, ҳифзи манфиатҳои давлат, ҳуқуқ ва озодиҳои инсон ва шаҳрванд мебошад.
Сарвари давлат инчунин ба зарурати тайёр кардани мутахассисони соҳибмаҳорат ва забондон таъкид намуданд.
Президенти мамлакат ёдовар шуданд, ки ҳар як шахси мансабдор бояд вазифаҳои худро дар асоси санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ҳисси баланди масъулият, интизом ва ватандӯстӣ иҷро намояд.
АКС: Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
