Душанбе, 20 декабр, 2025 – АИ «Корвон Иттилоот». 19 декабр дар доираи сафари расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Токио як қатор чорабиниҳои муҳими сиёсӣ ва иқтисодӣ баргузор гардиданд, ки ба густариши минбаъдаи муносибатҳои дуҷониба миёни Тоҷикистону Ҷопон равона шудаанд. Аз ҷумла, мулоқоти Сарвари давлат бо Императори Ҷопон муҳтарам Наруҳито ва баргузории Форуми тиҷоратии «Тоҷикистон – Ҷопон» аз рӯйдодҳои калидӣ ба шумор мераванд.

Ин чорабиниҳо нишон доданд, ки муносибатҳои Душанбе ва Токио тадриҷан аз сатҳи рамзӣ ба марҳалаи ҳамкории амалӣ ва иқтисодмеҳвар ворид мегарданд.
Дар мулоқоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Императори Ҷопон муҳтарам Наруҳито масъалаҳои вобаста ба рушди муносибатҳои дуҷониба мавриди баррасӣ қарор гирифтанд. Сарвари давлат ба ҷониби Ҷопон барои пазироии самимӣ ва таваҷҷуҳи баланд изҳори сипос намуда, сатҳи баланди эътимод ва эҳтироми мутақобили кишварҳоро таъкид карданд.
Гуфта шуд, ки имрӯз муносибатҳои Тоҷикистону Ҷопон доираи васеи ҳамкориро фаро мегиранд — аз тиҷорату иқтисод то робитаҳои фарҳангиву гуманитарӣ. Дастгирии Ҷопон дар татбиқи лоиҳаҳои хурду миёна дар бахшҳои инфрасохтор, нақлиёт, энергетика, кишоварзӣ ва экология, инчунин омодасозии захираҳои инсонӣ, рушди соҳаҳои тандурустӣ ва беҳдошт махсус зикр гардид.
Табодули андеша оид ба дигар масъалаҳои мавриди таваҷҷуҳи ҷонибҳо омодагии ду кишварро ба таҳкими ҳамкории дарозмуддат тасдиқ намуд.
АКС: Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
