Душанбе, 31 октябр, – АИ «Корвон Иттилоот». 30 октябри соли 2025 ба муомилот баровардани Ҷумҳурии Тоҷикистон — сомонӣ 25 сол сипарӣ шуд. Ин сана дар таърихи навини давлатдории тоҷикон ҳамчун рамзи эҳёи истиқлолият ва соҳибихтиёрии иқтисодии кишвар нақши муҳиму рамзӣ дорад.

26 октябри соли 2000 бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон пули миллӣ расман ҷорӣ гардид ва 30 октябр сомонӣ — воҳиди нави пул, ки ба ифтихори бунёдгузори нахустин давлати тоҷикон Исмоили Сомонӣ номгузорӣ шудааст, ба муомилот бароварда шуд.
Ин на танҳо як иқдоми иқтисодӣ, балки падидаи таърихиву маънавӣ буд, ки аз бозгашти миллат ба решаҳои давлатдории ҳазорсолаи худ шаҳодат медод ва пояҳои истиқлолияти миллӣ ва худшиносии давлатӣро мустаҳкам намуд.
Тавре дар Бонки миллии Тоҷикистон таъкид мешавад, барои ҳар як давлати соҳибистиқлол пули миллӣ на танҳо воситаи муомилот, балки нишонаи истиқлолияти сиёсӣ ва рамзи ифтихори миллӣ мебошад.
Дар асъори миллӣ тасвири қаҳрамонон, ёдгориҳои таърихӣ ва осори фарҳангӣ ҷой дода шудаанд, ки пайванди насли имрӯзаро бо таърихи ҳазорсолаи миллат ифода мекунанд.
Ин рамзҳо бо забон, эътиқод ва арзишҳои миллӣ иртибот доранд ва бахше аз фарҳанги миллӣ ба шумор мераванд. Ҳар як унсури пули миллӣ — паёми эҳтиром ба гузашта ва эътимод ба оянда аст.
Аз рӯзи ҷорӣ гардидани он сомонӣ пояи устувори сиёсати пулию қарзии кишвар ва воситаи танзими иқтисоди миллӣ гардид. Пули миллӣ имкон медиҳад, ки Тоҷикистон сиёсати мустақили иқтисодиро пеш барад, бозори дохилиро танзим намояд ва рушди устуворро таъмин созад.
Ҷолиб он аст, ки сомонӣ маҳз дар оғози асри XXI ва дар остонаи ҳазорсолагии давлатдории Сомониён — давраи шукӯҳи тамаддуни тоҷикон — ба муомилот бароварда шуд.
Имрӯз сомонӣ танҳо пули муомилот нест. Он рамзи давлатдорӣ, истиқлолияти иқтисодӣ ва ваҳдати миллӣ мебошад. Ҷорӣ гардидани сомонӣ нишон дод, ки миллати тоҷик тавоноии соҳибдавлатӣ, танзими иқтисоди миллӣ ва ҳузури мустақил дар арсаи ҷаҳониро дорад.
Сомонӣ таҷассуми сарвати миллӣ, шараф ва ифтихори ватандорӣ буда, рамзи ягонагӣ ва ояндаи равшани Тоҷикистон аст.
Акс: Бонки миллии Тоҷикистон
