Путин демография ва пирӯзиро дар АМН вазифаҳои асосии Русия номид – ИА Караван Инфо
Путин демография ва пирӯзиро дар АМН вазифаҳои асосии Русия номид

МОСКВА, 19 сентябри соли 2025 АИ «Караван инфо». Президенти Русия Владимир Путин дар мулоқот бо вакилони парлумон таъкид намуд, ки дар назди кишвар ду вазифаи афзалиятнок — пирӯзӣ дар амалиёти махсуси низомӣ ва ҳалли мушкилоти демографӣ қарор дорад.

“Ба ғайр аз пирӯзӣ дар АМН, вазифаи асосӣ демографӣ аст”, — изҳор дошт Сарвари давлат. Вай қайд намуд, ки ҳангоми таҳия ва қабули ҳама гуна қарорҳо бояд таъсири онҳо ба ҳаёти оилаҳои фарзанддор ба назар гирифта шавад, зеро ояндаи кишвар аз ин вобаста аст.

Ба гуфтаи президент, сиёсати давлатӣ бояд ба дастгирии оилаҳо, фароҳам овардани шароит барои таваллуд ва тарбияи фарзанд ва баланд бардоштани сифати зиндагии аҳолӣ равона намуда шавад.

Мавзӯи демография мунтазам дар суханрониҳои Владимир Путин баррасӣ мешавад. Дар кишвар як қатор барномаҳои давлатӣ мавҷуданд, ки ба дастгирии оилаҳои фарзанддор, аз ҷумла сармояи модарон ва чораҳои рушди тандурустӣ нигаронида шудаанд.

Аммо коршиносон қайд мекунанд, ки мушкилоти коҳиши аҳолӣ яке аз мушкилоти Шадиди Русия боқӣ монда, дар заминаи мушкилоти иқтисодӣ ва равандҳои муҳоҷират афзоиш меёбад.

Аксҳо: Рӯзномаи Парлумонӣ

error: