МОСКВА, 17 сентябри соли 2025 АИ «Караван Инфо». Раиси Русия Владимир Путин ба сарвазири Ҳиндустон Нарендра Моди ба муносибати 75-солагии ӯ телеграммаи табрикӣ фиристод. Дар як хабари нашрнамудаи хадамоти матбуотии Кремл, Путин саҳми шахсии Модиро дар таҳкими шарикии стратегии Маскав ва Деҳлии Нав таъкид намуд.

“Шумо дар таҳкими шарикии махсусан имтиёзноки стратегӣ байни кишварҳои мо ва рушди ҳамкориҳои мутақобилан судманд дар самтҳои гуногун саҳми бузурги шахсӣ мегузоред” гуфта мешавад дар телеграмма.
Президент эътибори баланди Модиро дар байни ҳамватанон ва дар арсаи ҷаҳонӣ, инчунин дастовардҳои Ҳиндустонро дар соҳаҳои иҷтимоӣ, иқтисодӣ ва илмӣ-техникӣ таҳти роҳбарии ӯ қайд намуд.
Путин ба идомаи муколамаи созанда оид ба масъалаҳои мубрами рӯзномаи дуҷониба, минтақавӣ ва байналмилалӣ изҳори умедворӣ намуд ва ба Моди саломатӣ, хушбахтӣ ва муваффақиятҳои нав орзу намуд.
Муносибатҳои Русия ва Ҳиндустон дар доираи шарикии стратегӣ рушд намуда, иқтисодиёт, мудофиа, илм ва фарҳангро фаро мегиранд.
Дар тӯли солҳои роҳбарии Моди Ҳиндустон ҳамкориро бо Маскав, аз ҷумла лоиҳаҳо дар соҳаи технологияҳои баланд, энергетика ва барномаҳои муштараки мудофиавӣ фаъолона тақвият дод.
Аксҳо: Reuters