Москва, 29 июли соли 2025-АИ «Караван Инфо». Президенти Русия Владимир Путин шоми 28 июл бо Сарвазири Исроил Бинёмин Нетаняху сухбати телефони анчом дод.
Тибки иттилои хадамоти матбуоти Кремл, дар Маркази мухокима вазъияти ташаннучнок дар Шарки Наздик, аз чумла дар Сурия ва масъалахои муковимати эрон ва исроил карор дошт.

Путин бори дигар мавкеи доимии ФР-ро таъкид намуд: халли холатхои низоъ танхо бо рохи осоишта, дипломати.
Вай изхори омодаги намуд, ки ба гуфтушунидхо оид ба барномаи хастаии эрон мусоидат кунад ва чонибдори пешгирии шиддат гирифтани минтака шуд.
Раиси русия ба Сурия диккати махсус дод. Вай дастгирии Москва аз сохибихтиёри ва тамомияти арзии кишварро кайд намуд ва даъват намуд, ки хукукхои хамаи гуруххои этноконфессионали барои тахкими суботи дохили ва бартараф намудани окибатхои низоъхои гузашта эхтиром намуда шаванд.
Дар охири сухбат Путин ва Нетаняху ба мувофика расиданд, ки муколамаро оид ба масъалахои мубрами рузномаи байналмилали ва дучониба, аз чумла тавозуни куввахо дар минтака ва таъсири эхтимолии тахримхо ва ташаббусхои байналмилали идома диханд.
Ёдовар мешавем, ки Путин хафтаи гузашта ба Раисичумхури Эрон Масъуд Пезешкиён низ занг зада, хамлахои исроилро ба каламрави эрон хамчун вайрон намудани Оинномаи СММ махкум намуд ва омода аст дар рафъи низоъ кумак кунад.
Коршиносон бар ин назаранд, ки дар холи хозир Русия бори дигар кушиш мекунад, ки миёнарав байни Техрон ва Тел Авив бошад ва муносибатхои худро бо харду кишвар мувозинат нигох дорад.
Аксхо: kremlin.ru