Рӯзҳои фарҳангии Ҷопон дар Душанбе: Осорхонаи миллӣ ба майдони муколамаи тамаддунҳо табдил ёфт – ИА Караван Инфо
Рӯзҳои фарҳангии Ҷопон дар Душанбе: Осорхонаи миллӣ ба майдони муколамаи тамаддунҳо табдил ёфт

Душанбе, 30 март, – АИ «Корвон Иттилоот». 28 март дар Муассисаи давлатии «Осорхонаи миллӣ»-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ибтикори Сафорати Ҷопон дар Тоҷикистон Рӯзҳои фарҳангии ин кишвар баргузор гардид. Чорабинӣ бо намоиши ҷашну анъанаҳо ва намунаҳои ҳунарҳои мардумии Ҷопон доир шуда, ба яке аз рӯйдодҳои ҷолиби ҳаёти фарҳангии пойтахт табдил ёфт.

Дар маросими ифтитоҳ директори Осорхонаи миллӣ Иброҳимзода Зафаршо Сафо, Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷопон дар Тоҷикистон Фурута Кейко, муовини Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Давлат Сафар ва намояндаи Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шералӣ Ҷонон иштирок ва суханронӣ карданд. Зимни суханронӣ таъкид гардид, ки дар даврони соҳибистиқлолӣ робитаҳои фарҳангии Тоҷикистону Ҷопон рӯ ба густариш оварда, фарҳанг ба унвони пули муҳими дӯстӣ ва ҳамдигарфаҳмӣ миёни мардумони ду кишвар нақши муассир мебозад.

Дар чорабинӣ намояндагони корпусҳои дипломатии муқими Тоҷикистон, вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, дӯстдорони фарҳангу санъат, донишҷӯёну омӯзгорон аз муассисаҳои таҳсилоти умумӣ ва олӣ, кормандони Осорхонаи миллӣ ва намояндагони воситаҳои ахбори омма низ ҳузур доштанд.

Намоиш ба тамошобинон ҷаҳони рангоранги фарҳанги ҷопониро муаррифӣ намуд. Дар он анъанаҳои миллии мардуми Ҷопон, аз ҷумла фарҳанги чойнӯшӣ ва омода кардани чой, либосҳои миллӣ, ҳунари хушнависӣ, намунаҳои бозиҳои варзишӣ, бозичаву армуғонҳо, ҷашну маросимҳо ва иттилоъ дар бораи марказҳои забономӯзии ҷопонӣ пешкаши меҳмонон гардид.

Ҳар як бахши намоишгоҳ имкон дод, ки иштирокчиён ба фазои хос ва нозуки кишвари тулӯи офтоб наздиктар шаванд ва пайванди фарҳангиро на танҳо ба таври назариявӣ, балки дар таҷрибаи зинда эҳсос намоянд.

Рӯзҳои фарҳангии Ҷопон дар Тоҷикистон дар шароити афзоиши робитаҳои гуманитарӣ ва рушди дипломатияи мардумӣ баргузор мегарданд. Чунин чорабиниҳо на танҳо барои ошноӣ бо тамаддуни дигар кишварҳо замина мегузоранд, балки ба таҳкими дӯстӣ, эҳтироми мутақобила ва густариши муколамаи фарҳангҳо мусоидат мекунанд.

Акс: Осорхонаи милли Тоҷикистон

error: