Рӯзи даъватшаванда: дар Душанбе бахшида ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ чорабинӣ баргузор гардид – ИА Караван Инфо
Рӯзи даъватшаванда: дар Душанбе бахшида ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ чорабинӣ баргузор гардид

Душанбе, 02 апрел, – АИ «Корвон Иттилоот». Имрӯз дар шаҳри Душанбе бахшида ба оғози даъвати баҳории ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон Рӯзи даъватшаванда баргузор гардид, хабар медиҳад АИ «Корвон Иттилоот».

Муовини Раиси шаҳри Душанбе Нурҷаҳон Исмоилзода зимни чорабинӣ зикр намуд, ки хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳ яке аз уҳдадориҳои асосии шаҳрвандӣ мебошад. Вазъи мураккаби ҷаҳони муосир аз ҳар як шахси огоҳ ва ҷавони ватандӯст ҳисси баланди масъулиятро дар самти ҳифзи истиқлолияти давлатӣ ва тамомияти арзии кишвар талаб менамояд.

Таъкид гардид, ки Ҳукумати мамлакат пайваста барои рушди минбаъда ва фароҳам овардани шароити мусоид барои хизматчиёни ҳарбӣ тадбирҳои мушаххас меандешад. Бо беҳтар гардидани шароити хизмат дар қисмҳои ҳарбӣ ҳар сол шумораи ихтиёриён миёни ҷавонон меафзояд.

Муовини якуми Вазири мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон Бобоҷон Саидзода изҳор дошт, ки имрӯз бо дастгирии Ҳукумат дар баробари беҳтар шудани шароити маишии афсарон ва сарбозон, дар ҳамаи қисмҳои ҳарбӣ шароити хуби хизмат ва зист фароҳам оварда шудааст. Аз ин рӯ, ҳар як ҷавони боору номус ва худогоҳ бояд хизмати Ватанро вазифаи аввалиндараҷаи шаҳрвандӣ ва инсонӣ дониста, онро бо масъулияти баланд иҷро намояд.

«Хизмат ба Ватан қарзи фарзандӣ ва ахлоқии ҳар як ҷавони шоиста буда, мактаби бузурги тарбияи ирода, мардонагӣ, ҷасорат ва ватандӯстӣ мебошад. Артиши миллии кишвар дар давраи фаъолияташ дар таҳкими субот, таъмини тартиботи ҷамъиятӣ ва мубориза бо ҷинояткорӣ нақши муҳим мебозад», — таъкид намуд Бобоҷон Саидзода.

Дар ҷараёни чорабинӣ ба даъватшавандагоне, ки курсҳои кӯтоҳмуддати ронандагиро хатм намуданд, шаҳодатномаҳои ронандагӣ супурда шуданд. Сипас афсарон ва сарбозони Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон машқҳои ҳарбию варзиширо намоиш доданд.

Ёдовар мешавем, ки ҳамасола аз 1 апрел то 31 май дар саросари кишвар даъвати баҳории ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор мегардад. Имсол ба хизмати ҳарбӣ шаҳрвандони солҳои таваллудашон 1999–2008 даъват карда мешаванд.

Даъвати ҳатмии ҳарбӣ соле ду маротиба — аз 1 апрел то 31 май ва аз 1 октябр то 30 ноябр дар асоси фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардида, он на дертар аз як моҳ пеш аз оғози даъват тавассути воситаҳои ахбори омма нашр карда мешавад.

АКС: Телеграмм канали Рустами Эмомалӣ

error: