Президентхои Русия Владимир Путин, Беларус Александр Лукашенко ва Точикистон Эмомали Рахмон, ки дар Москва барои баргузории мулокоти гайрирасми карор доранд, бо Рахбари Озарбойчон Илхом Алиев сухбати телефони анчом доданд. Дар ин бора Хадамоти Матбуоти Кремл хабар дод.

Дар рафти сухбат рохбарон масъалахои мубрами рушди муносибатхои байнидавлатиро барраси намуда, дар бораи мулокот дар пойтахти русия санаи 9 май мувофика намуданд.
Ин вохури дар доираи чорабинихои тантанави бахшида ба 80-солагии Галаба дар чанги Бузурги Ватани баргузор мегардад. Ин руз на танхо хотираи гузаштаи кахрамонона, балки тахкими робитахои байни кишвархое мебошад, ки халкхояшон барои сулх ва озоди якчоя мубориза мебурданд.
Александр Лукашенко аз санаи 13 март бо сафари расми дар Москва аст. Дар чараёни гуфтушунидхо бо Владимир Путин, ки рузи панчшанбе огоз ёфта, рузи чумъа идома ёфт, рохбарон созишномаро дар бораи чорахои химояи мутакобилаи шахрвандон аз таъкиби беасоси давлатхои хоричи ва макомоти байналмилалии суди имзо намуданд.
Илова бар ин, Лукашенко дар Шурои Федератсия суханрони намуда, ахамияти хамкории байни ду кишварро таъкид намуд.
Мулокоти дарпешистодаи санаи 9 май на танхо арчгузори ба хотираи таърихи, балки кадами мухим дар тахкими муколамаи байни сарони давлатхое хохад буд, ки халкхояшон гузаштаи муштарак ва хохиши ояндаи осоиштаро ба хам мепайвандад.
Аксхо: аз манбаъхои кушода