Душанбе, 27 июн, – АИ «Караван инфо». Шахрвандони хоричие, ки дар Русия хастанд, вазифадоранд конунхои кишвари будубошро риоя кунанд, аз чумла ухдадории таъмини тахсилоти хатмии кудакон. Дар ин бора раиси Шурои назди Президенти Федератсияи Русия оид ба рушди чомеаи шахрванди ва хукуки инсон (СПЧ) Валерий Фадеев изхор дошт.

“Агар шахрвандони хоричи нияти риояи конунхои кишвари будубошро надошта бошанд — бигзор онхо баргарданд ва хукуки фарзандони онхо ба тахсилро кишвари хуруч таъмин хохад намуд” гуфт у.
Фадеев таъкид намуд, ки тибки Конститутсия ва кодекси Оилаи Русия, хамаи волидон ва парасторон — аз чумла мухочирон — вазифадоранд, ки фарзандони худро бо тахсилоти умумии асоси таъмин кунанд.
Ба гуфтаи у, то имруз хукуки садхо хазор ноболигони дар каламрави кишвар карордошта поймол намуда мешавад. Гузашта аз ин, ба андешаи у, гуруххои кудакон ва наврасони бесавод дар чойхои чамъияти метавонанд ба омили чиддии чинояти табдил ёбад.
Фадеев Точикистонро мисол овард, ки дар он гирифтани маълумоти миёнаи пурра хатмист. Вай хотиррасон намуд, ки соли 2024 дар кишвар масъулияти маъмури ва чинояти барои монеъ шудан ба таълими кудакон пурзур намуда шуд. Чинояткорон метавонанд то 8000 доллар чарима, корхои хатми аз 180 то 240 соат ё то ду сол аз озоди махрум намуда шаванд.
Тибки маълумоти расми, аз 785,5 хазор шахрвандони хоричии ноболиг, ки дар Русия зиндаги мекунанд, танхо 192 хазор нафар расман дар мактабхо тахсил мекунанд. Ба акидаи Валерий Фадеев, хадди аккал 300 хазор кудаки ин гурух бояд мунтазам ба муассисахои таълими ташриф оранд.
Дар ин холат кайд намуда мешавад, ки изхороти раиси СПЧ хануз дар шакли лоихаи конун ба расмият дароварда нашудааст ва ба Думаи Давлати пешниход нашудааст.
АКСХО: аз манбаъхои кушода