Хафтаи гузашта Вазири корхои хоричии Узбекистон Бахтиёр Саидов бо Вазири корхои хоричии Ветнам Буй Тхан Шон сухбати телефони анчом дод. Аз номи Президенти Чумхурии Узбекистон Шавкат Мирзиёев бори дигар дар робита ба марги дабири кулли Кумитаи марказии хизби Коммунисти Нгуен Фу Чонг изхори хамдардии самими намуда шуд.

Бахтиёр Саидов кайд намуд: “кишвархои мо метавонанд имкониятхои зиёдеро барои гани гардонидани робитахои дучониба, рушди хамкории динамики, сохтани пулхои нави пайвасткунанда дар хама сохахо истифода баранд”.
Дар чараёни сухбат вохурихои оянда дар сатхи баланд, масъалахои рушди робитахои иктисоди ва мусоидат ба сармоягузори барраси шуданд.
“Мо шарикии наздики байни идорахои сиёсати хоричии Узбекистон ва Ветнамро кадр мекунем”, – изхор дошт сардори идораи сиёсати хоричии Узбекистон.
Аксхо: Вазорати корхои Хоричии Узбекистон