Остона, 12 феврали соли 2026-АИ «Караван инфо». Президенти Қазоқистон Фармони баргузории раъйпурсии ҷумҳуриявиро 15 марти соли 2026 имзо намуд. Ҳуҷҷат тибқи Конститутсия ва қонун “Дар бораи раъйпурсии ҷумҳуриявӣ” қабул карда шудааст.

Ба овоздиҳии умумихалқӣ лоиҳаи Конститутсияи нав бо чунин ибора пешниҳод намуда мешавад:
“Оё Шумо Конститутсияи Нави Ҷумҳурии Қазоқистонро қабул мекунед, ки лоиҳаи он дар воситаҳои ахбори омма 12-уми феврали соли 2026 нашр шудааст”.
Фармон ва матни лоиҳаи қонуни Асосӣ бояд 12-уми феврал расман нашр намуда шавад. Ташкил ва гузаронидани раъйпурсиро комиссияи марказии интихобот дар якҷоягӣ бо комиссияҳои ҳудудӣ ва участкавӣ таъмин менамояд. Ҳукумат вазифадор аст, ки барои омода намудани овоздиҳӣ чораҳои зарурӣ андешад. Фармон аз рӯзи нашр эътибор пайдо мекунад.
Аксҳо: Акорда
