Ракамхои мошин дар Узбекистон ба таври тасодуфи дода мешаванд – ИА Караван Инфо
Ракамхои мошин дар Узбекистон ба таври тасодуфи дода мешаванд

Тибки карори хукумати Узбекистон аз 17 июли соли 2024, аз 1 август ракамхои давлатии бакайдгири барои мошинхо ба таври тасодуфи дода мешаванд. Ин карор бо максади бартараф намудани зухуроти коррупсионии марбут ба додани “ракамхои зебо” ба мошинхо кабул намуда шудааст.

Модули “нишонахои Давлатии раками” – и системаи электронии СБДД-И ВКД барои тавлиди автоматии ракамхо истифода мешавад. Усули тасодуфии додани ракамхо дар Русия соли 2018 бо максади истисно намудани имконияти дахолат ва коррупсия хангоми таъин намудани ракамхо бомуваффакият чори намуда шуд.

Як катор ронандагон аллакай гузориш доданд, ки ракамхои ба наздики гирифташуда ба таври худкор тавассути планшетхои нозирон таъин намуда шудаанд, бидуни он ки пешаки муайян кунанд, ки кадом ракам таъин намуда мешавад. Ин тагйирот дар тартиби бакайдгирии мошинхо барои таъмини раванди одилона ва шаффоф пешбини шудааст.

Тибки карор, аз 1 декабри соли 2024, дархостхо барои бакайдгирии мошинхо ва гирифтани ракамхо метавонанд тавассути барномаи мобилии СБДД, сайти расмии хидмат, маркази занг ё тавассути портали Ягонаи хизматрасонихои давлати пешниход намуда шаванд (my.gov.uz), ки дар он имконияти пардохт низ дода мешавад, ки ин равандро барои шахрвандон боз хам кулайтар мекунад.

Аксхо: Gazeta.uz

error: