Раками ва амният: Точикистон дар рохи фарогирии молияви дар минтака – ИА Караван Инфо
Раками ва амният: Точикистон дар рохи фарогирии молияви дар минтака

ТОШКАНД, 16 апрели соли 2025 АИ Караван Инфо. Дар Тошканд форуми минтакавии гурухи бонки Чахони дар мавзуи “Мусоидат ба истифодаи пардохтхои раками тавассути инноватсия, шарики ва эътимод” баргузор гардид, ки ба васеъ намудани дастрасии молияви тавассути халли раками бахшида шудааст.

Дар байни иштирокчиён муовини раиси бонки Миллии Точикистон Гулбахор Назири буд, ки дар бораи кадамхои калидии дар чумхури барои рушди инфрасохтори пардохт ва хизматрасонихои раками, бахусус дар нохияхои дурдаст андешидашуда накл намуд.

Форум инчунин мавзуъхои мухимро фаро гирифт: бартараф намудани нобаробарии гендери дар дастраси ба пардохтхои раками, мубориза бо каллобии кибери, химояи хукуки истеъмолкунандагон ва чори намудани стандартхои муосири амнияти кибери ва идоракунии хавфхо.

Ба стратегияхои дар Точикистон татбикшаванда, аз чумла, Стратегияи рушди низоми пардохт (2015-2025) ва стратегияи миллии инклюзияи молияви (2022-2026), инчунин ба лоихаи бонки Чахони “асосхои Ракамии Точикистон”, ки дар доираи он платформаи ягонаи давлати барои пардохти хизматрасонихо ва маркази муайянкунии байнибонки таъсис дода мешавад, диккати махсус дода шудааст.

Иштирокчиени форум ба мувофика расиданд, ки танхо тавассути эътимоди тарафайн, навовари ва инфрасохтори устувори раками ба ракамикунонии самаранок ва бехатари молияви ноил шудан мумкин аст.

Аксхо: Бонки Миллии Точикистон

error: