Душанбе, 22 май, АИ Караван Инфо. Рушди технологияхои раками дар Точикистон бо мушкилоти чиддии техники вобаста ба манзараи кухии кишвар ру ба ру мешавад. Дар ин бора директори Агентии инноватсия ва технологияхои ракамии назди Президенти Чумхурии Точикистон Хуршед Файзуллозода дар мусохиба бо рузномаи хукуматии “Чумхурият” изхор дошт.

Ба гуфтаи у, такрибан 93% каламрави кишварро куххо ишгол мекунанд, ки рушди инфрасохторро хеле мушкил мекунад ва харочоти калони молиявиро талаб мекунад. “Дар шароити кухи хатхои нахи оптикии фарохмачро гузоштан лозим аст, ки хеле гарон аст” гуфт у.
Бо вучуди ин, Файзуллозода таъкид намуд, ки хукумат барои бехтар намудани сифати интернет фаъолона кор мекунад:
- серверхои муосир насб намуда мешаванд;
- ба минтакахои дурдаст хатхои нахи оптики гузошта мешаванд;
- бо шарикони байналмилали лоихахои муштарак тахия намуда мешаванд.
Яке аз самтхои асоси татбики шабакаи 5G буд.
“Ба кариби 5G дар саросари кишвар татбик намуда мешавад. Холо ширкати TCELL онро дар минтакахои алохида огоз намудааст ” гуфт рохбари агенти.
Вай инчунин кайд намуд, ки бахши хусуси дар рушди ракамии кишвар накши мухим мебозад ва хамкори бо он дар як катор самтхо идома дорад.
Ин кушишхо аллакай натича медиханд. Ба гуфтаи Рохбари хадамоти алокаи назди Хукумати ЧТ Исфандиёр Саъдулло, дар доираи соли рушди иктисоди раками ва инноватсия натичахои зерин ба даст оварда шуданд:
- арзиши воридоти интернет ба таври назаррас кохиш ёфтааст;
- тарофахо барои хизматрасонихои алокаи мобили ва сими паст намуда шуданд;
- тарофахо бо суръати камтар аз 5 Мбит/с пурра бекор намуда шуданд;
- арзиши интернети кабели ба хисоби миёна 55% кохиш ёфтааст;
- хачми бастахои интернети на камтар аз 20% зиёд шудааст.
Мувофики омори расми:
- Шумораи умумии муштариени шабакахои телекоммуникатсиони дар кишвар 8,3 миллион нафарро ташкил медихад, ки 5,3 миллион нафари онхо корбарони фаъоли алокаи мобили мебошанд;
- Шумораи истифодабарандагони интернет 4,9 миллион нафар, аз он 4,7 миллион тавассути интернети мобили.
Бо вучуди мушкилот, кишвар ба суи ояндаи раками идома медихад, ки дар он хар як шахрванд, новобаста аз чои зист, бояд ба интернети босифат дастрасии баробар дошта бошад.
Аксхо: аз манбаъхои кушода