Душанбе, 18 июл, АИ «Караван Инфо». Дурнамои густариши хамкорихои Точикистону Федератсияи Россия дар сохаи идоракунии замин, геодезия ва ракамикунонии иттилооти кадастри мавзуи асосии мулокоти раиси кумитаи Давлатии идоракунии замин ва геодезияи Чумхурии Точикистон Ориф Хочазода бо Раиси ассотсиатсияи Байналмилалии рушди худудии ФР Василий Мазитов гардид.

Дар чараёни мулокот, ки санаи 15 июл баргузор шуд, чонибхо вазъи кунунии хамкориро барраси намуда, ба густариши минбаъдаи шарики, аз чумла:
- дар рушди гуруххои кории муштарак оид ба кадастр ва заминсози,
- дар интиколи тачриба дар ракамикунонии фехристи замин,
- дар тайёр намудани мутахассисони баландихтисос барои Точикистон.
Чониби Точикистон ба Ассотсиатсияи рушди худудии Русия пешниход намуд, ки имконияти мусоидат ба омузиши мутахассисони сохаи заминсозии точикистонро, аз чумла тавассути тачрибаомузи, курсхои онлайни ва табодули тачриба барраси намояд.
Иштирокчиён таъкид намуданд, ки татбики карорхои раками дар идоракунии захирахои замин ба шаффофият, дакикии маълумоти кадастри ва истифодаи самараноки замин мусоидат мекунад.
“Воситахои муосири кадастри раками ва системахои геоинформатсиони барои Точикистон имкониятхои нав дар сохаи идоракунии устувори заминро фарохам меоранд”, — кайд намуд Ориф Хочазода.
Дар охири мулокот чонибхо омодагии худро барои идомаи муколама ва рушди форматхои кории хамкори дар асоси доими тасдик намуданд.
АКСХО: кумитаи Давлатии заминсози ва геодезияи Чумхурии Точикистон