Рамзхои кувват ва дусти: тилисмхои Бозихои III кишвархои ИДМ дар Озарбойчон намоиш дода шудаанд – ИА Караван Инфо
Рамзхои кувват ва дусти: тилисмхои Бозихои III кишвархои ИДМ дар Озарбойчон намоиш дода шудаанд

Душанбе, 25 апрел, -АИ «Караван Инфо». Дар нахустин нишасти матбуотии Бахшида ба Бозихои III кишвархои ИДМ, ки тирамохи соли равон дар Озарбойчон баргузор мешаванд, тилисмхои мусобика расман муаррифи намуда шуданд. Онхо ду леопарди харизматии кафкози бо номи Бебир ва Лейла буданд, ки рамзи сарвати табии, кувват, файз ва мехмоннавозии Озарбойчон буданд.

Интихоби леопарди кафкози тасодуфи нест. Ин хайвони нодир ва бохашамат, ки дар минтакахои кухии кишвар зиндаги мекунад, дар зери хатари нобудшави карор дорад ва дар Доираи Барномаи байналмилалии “панчгонаи Калон” ва китоби Сурхи Чумхурии Озарбойчон хифз намуда мешавад. Леопард далери, истодагари ва эхтироми табиатро ифода мекунад — арзишхое, ки ба рухияи варзиши наздиканд. Тилисмхо на танхо фаунаи махаллиро, балки гояхои асосии Бозихоро кувва, кушодашави ва дустии халкхои ИДМ низ тачассум мекунанд.

Худи мусобика аз 28 сентябр то 8 октябри соли 2025 баргузор шуда, 23 намуди варзишро дар бар мегирад. Бозихо аз чониби хафт шахр кабул намуда мешаванд: Гянджа, Мингячевир, Габала, Шеки, Гейгел, Евлах ва Ханкенди.

АКСХО: аз манбаъхои кушода

error: