ОСТОНА, 22 январ АИ «Караван Инфо». Ракеткаи аввали Қазоқистон Елена Рибакина бомуваффақият дар Australian Open-2026 баромад намуд. Дар бозии даври аввал, вай намояндаи Словения Кайя Юванро, ки дар рейтинги WTA ҷои 100-умро ишғол менамуд, боваринок мағлуб намуд.

Ракеткаи панҷуми ҷаҳон ҷараёни мулоқотро пурра назорат намуд ва бозиро дар 72 дақиқа ба анҷом расонид. Ҳисоби ниҳоӣ 6: 4, 6:3. Дар як бозӣ Рибакина ду эйс намуд ва ҳафт аз даҳ нуқтаи брейкро амалӣ намуд, дар ҳоле ки ҳафт хатои дукарата содир кард.
Дар даври дуюм теннисбози қазоқистонӣ бо Варвара Грачева аз Фаронса вомехӯрад. Бояд қайд намуд, ки қаблан дар оғози мусобиқа Юлия Путинсева низ бомуваффақият баромад намуд, ки бар беатрис Ҳаддад Майяи бразилиягӣ пирӯзии қатъӣ ба даст овард.
Аксҳо: КОМ ҶҚ
