Роштқалъа дар остонаи ҷаҳиши технологӣ: оғози сохтмони Парки навини технологӣ – ИА Караван Инфо
Роштқалъа дар остонаи ҷаҳиши технологӣ: оғози сохтмони Парки навини технологӣ

Душанбе, 21 ноябр, – АИ Корвон Иттилоот. Солиёни охир ноҳияи Роштқалъа босуръат дигаргун мешавад. Бо дастгирии доимии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва таваҷҷуҳи шахсии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ин минтақа аз як гӯшаи дурдасти кӯҳӣ ба маркази замонавӣ ва рӯ ба рушд табдил ёфта истодааст.

Хусусан, маркази ноҳия симои комилан нав касб карда, ба яке аз ҷойҳои зебоманзари ВМКБ табдил ёфт.

Дар чорчӯби омодагиҳо ба ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар Роштқалъа корҳои ободониву созандагӣ идома доранд. Аз ҷумла бо ташаббуси соҳибкорони маҳаллӣ ва дастгирии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ сохтмони Парки технологӣ оғоз гардид.

Ин иқдом татбиқи амалӣ ва бевоситаи ҳидоятҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон буда, бар он далолат мекунад, ки раванди ободонӣ дар ноҳия бо маром идома дорад.

Зимни боздиди майдони сохтмон раиси вилоят Мирзонабот Алишер Худобердӣ сокинонро бо Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Рӯзи Парчами давлатӣ табрик гуфта, саҳми соҳибкоронро дар пешрафти ноҳия баланд арзёбӣ намуд.

Ба гуфтаи ӯ, солҳои охир бо дастгирии давлат дар Роштқалъа даҳҳо лоиҳаи замонавӣ амалӣ гардидааст. Бо иштироки Пешвои миллат ин ҷо Парки саноатӣ ва НОБ «Себзор» ба истифода супорида шуданд, ки барои рушди иқтисодию иҷтимоии ноҳия аҳамияти калон доранд.

Тибқи иттилои масъулони сохтмон, Парки технологӣ то ҷашни 35-солагии Истиқлол ба истифода дода мешавад. Дар қаламрави он ҷорӣ шудани як қатор корхонаҳои истеҳсолӣ дар назар аст, аз ҷумла:

  • корхонаи истеҳсоли мебел;
  • корхонаи коркарди ангат;
  • нуқтаи фурӯши масолеҳи сохтмонӣ;
  • коргоҳҳои истеҳсоли мебели миллӣ;
  • корхонаи армуғон ва созҳои миллӣ;
  • маҷмааи коркарди чӯбу тахта.

Татбиқи ин лоиҳа ҷойҳои нави корӣ фароҳам оварда, имкониятҳои соҳибкориро густариш медиҳад ва такони ҷиддӣ ба рушди иҷтимоию иқтисодии ноҳия мебахшад.

АКС: АИ «Корвон Иттилоот».

error: