МОСКВА, 26 августи соли 2025 АИ «Караван Инфо». Рособрнадзор хабар дод, ки якбора ба 16 донишгохи олии пешрафтаи кишвар, аз чумла аз Москва огохи дода шудааст. Вазорат аз ташкилотхои таълими даъват намуд, ки талаботи хатмии мукаррарнамудаи конунгузории федеролиро катъиян риоя кунанд.

Паёми нашршуда тавзех медихад, ки сухан дар бораи огохихо дар доираи назорати федералии давлати дар сохаи маориф меравад. Аз донишгоххо хохиш намуда мешавад, ки барои рафъи конуншиканихо ва пешгирии онхо дар оянда чорахои фаври андешанд.
Дар байни онхое, ки огохи гирифтанд, донишгохи миллии тадкикоти мактаби олии иктисод ва донишгохи давлатии техникии автомобили — рохии Москва мебошанд.
Вайронкунихо, аз чумла, ба саривакт пешниход нанамудани маълумот дар бораи хуччатхои ба хатмкунандагон додашуда дахл доштанд. Масалан, дар мавриди МАДИ маълумот дар бораи дипломхои соли 2024 дар мухлати мукарраршуда дар давоми 60 рузи пас аз додани он фиристода нашудааст.
Коршиносон кайд мекунанд, ки чунин чорахои Рособрнадзор хусусияти пешгирикунанда доранд ва маънои истифодаи автоматии тахримхоро надоранд. Бо вучуди ин, идора ахамияти шаффофият ва риояи катъии коидахоро дар системаи таълим таъкид мекунад.
Пештар Рособрнадзор борхо ба зарурати саривакт пешниход намудани маълумот ба системахои иттилоотии федерали диккати донишгоххоро чалб намуда буд. Соли 2024 чунин чорахо нисбати як катор донишгоххои минтакави андешида шуда буданд, аммо холо руйхат васеъ шуда, ба донишгоххои пешрафтаи кишвар дахл намудааст.
Аксхо: obrnadzor ru
