Душанбе, 03 март, – АИ «Корвон Иттилоот». 2 март Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода бо сафари корӣ ба ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ рафта, бо ҷараёни корҳои ободонию созандагӣ шинос гардид. Тадбирҳо дар доираи омодагӣ ба ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ амалӣ мешаванд.

Дар маҳаллаи Фазл Набии деҳоти Даштигуло бунгоҳи тиббӣ бо масоҳати 83 метри мураббаъ ва се ҳуҷраи корӣ ба истифода дода шуд. Бо ифтитоҳи он 4 ҷойи кори доимӣ таъсис меёбад. Зикр гардид, ки чунин иншоот ба беҳтар гардидани сатҳи хизматрасонии тиббӣ ва таҳкими ҳифзи саломатии аҳолӣ мусоидат менамояд.
Ҳамзамон Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №22 мавриди истифода қарор гирифт. Маҳаллаи Фазл Набӣ, ки соли 2013 таъсис ёфта, 148 хоҷагӣ ва 1038 нафар аҳолӣ дорад, то имрӯз муассисаи таълимӣ надошт ва хонандагон беш аз 3 километр роҳро тай намуда, аз шоҳроҳи байналмилалии Гулистон–Фархор гузашта, дар мактабҳои №18 ва №52 таҳсил мекарданд.
Бинои нави дуошёна аз 10 синфхона иборат буда, дорои синфхонаҳои химия, биология, физика, компютерӣ ва утоқҳои маъмурӣ мебошад. Арзиши лоиҳа 6 миллиону 356 ҳазору 594,31 сомониро ташкил медиҳад.
Инчунин роҳи дохилии деҳаи Пахтакор бо дарозии 3530 метр ва паҳноии 5 метр ба истифода дода шуд. Роҳ бо маблағи 1,5 миллион сомонӣ аз ҷониби соҳибкорони ватанӣ бо ҷалби аҳолӣ бунёд гардида, ҳаракати нақлиётро осону бехатар месозад.
Татбиқи чунин лоиҳаҳо заминаи рушди иҷтимоиву иқтисодии ноҳияро таҳким бахшида, ҳамбастагии давлат ва ҷомеаро дар арафаи ҷашни миллӣ инъикос менамояд.
АКС: Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Хатлон
