Душанбе, 30 январ, – АИ «Корвон Иттилоот». Соли 2025 соҳаи сайёҳии Тоҷикистон рушди назаррас нишон дод. Ба иттилои Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар ин давра ба кишвар 1 миллиону 784 ҳазор сайёҳи хориҷӣ ворид шудааст, ки нисбат ба соли 2024 ба андозаи 530 ҳазор нафар бештар мебошад.

Ин омор 27 январ дар ҷаласаи корие, ки дар шаҳри Душанбе баргузор гардид, ироа шуд. Дар нишаст раиси Кумита Ҷамшед Ҷумъахонзода, намояндагони ширкатҳои сайёҳии ватанӣ, мақомоти андоз, Кумитаи ҳифзи муҳити зист ва Агентии хоҷагии ҷангал иштирок намуданд.
Зимни ҷаласа масъалаҳои ташкили хатсайрҳои доимии сайёҳӣ дар самтҳои экологӣ, кӯҳӣ, аграрӣ ва моҳидорӣ, бунёди кемпингҳо ва глэмпингҳо, истифодаи самараноки захираҳои табиӣ ва мутобиқсозии хизматрасониҳо дар гузаргоҳҳои сарҳадӣ баррасӣ шуданд. Ҳамчунин, ба тарғиби имкониятҳои сайёҳии кишвар тавассути шабакаҳои иҷтимоӣ ва ташаккули рақобати солим байни ширкатҳо таваҷҷуҳ зоҳир гардид.
Гуфта шуд, ки дар ояндаи наздик низоми бақайдгирии онлайн-и сайёҳони хориҷӣ ҷорӣ мегардад. Иштирокчиён масъалаҳои омода намудани мутахассисон, баланд бардоштани сатҳи касбии роҳбаладон ва истифодаи имкониятҳои минтақаҳои махсус муҳофизатшавандаи табииро низ муҳокима карданд.
Ҳамзамон зикр гардид, ки аз 191 ширкати сайёҳии ба қайд гирифташуда танҳо 82-тои онҳо фаъол мебошанд. Ба ширкатҳо тавсия дода шуд, ки ба мавсими нави сайёҳӣ ҷиддитар омодагӣ бинанд ва ҷалби сайёҳонро ҳамчун омили муҳими дастгирии иқтисоди миллӣ тақвият диҳанд.
АКС: Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
