Рушди тадқиқоти фолклор ва адабиёти кӯдакона: Рӯйнамоии лоиҳаи панҷсолаи Шуъбаи фолклор ва адабиёт дар Институти илмҳои гуманитарӣ ба номи Б. Искандаров – ИА Караван Инфо
Рушди тадқиқоти фолклор ва адабиёти кӯдакона: Рӯйнамоии лоиҳаи панҷсолаи Шуъбаи фолклор ва адабиёт дар Институти илмҳои гуманитарӣ ба номи Б. Искандаров

Душанбе, 06 март, – АИ «Корвон Иттилоот». 4 марти соли 2026 дар Институти илмҳои гуманитарӣ ба номи академик Б. Искандарови Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон рӯйнамоии лоиҳаи панҷсолаи Шуъбаи фолклор ва адабиёт таҳти унвони «Пайдоиш, таҳаввул ва ташаккули фолклор ва адабиёти кӯдакона (дар мисоли фолклор ва адабиёти Бадахшон)» баргузор гардид. Чорабинӣ дар фазои гарму созандаи илмӣ ва бо иштироки намояндагони муассисаҳои давлатӣ, олимон ва коршиносони соҳа доир шуд.

Пеш аз оғози ҷаласа, меҳмонон аз намоиши китобҳо ва осори илмии муҳаққиқони Институт дидан намуданд. Онҳо инчунин аз утоқи Шурои дифоъ ва фонди дастхатҳои пурра таъмиру таҷдидгардида боздид карда, бо ганҷинаи арзишманди дастхатҳои чандинсола ва дастовардҳои илмии кормандони Институт аз наздик ошно шуданд.

Дар қисмати расмӣ, директори Институт, доктори илмҳои филология Қаландариён Ҳоким Сафар, аҳаммияти илмию фарҳангии лоиҳаро дар рушди таҳқиқоти фолклоршиносӣ ва адабиёти кӯдакона таъкид намуданд. Ӯ таъкид кард, ки омӯзиши мероси фолклорӣ ва адабии кӯдакон на танҳо барои таҳқиқоти илмӣ, балки барои тарбияи маънавӣ ва фарҳангии насли наврас низ аҳаммияти хос дорад. Ҳоким Сафар ба ҷанбаҳои равонӣ ва маънавии тарбияи насли наврас дар ҷаҳони муосир таваҷҷуҳи махсус зоҳир намуда, таъкид карданд, ки парвариши насли худшиносу солимандеш бояд бар пояи арзишҳо ва хусусиятҳои миллии фарҳангӣ сурат гирад.

Роҳбари лоиҳа, доктори илмҳои филология В. Д. Охониёзов, ҳадаф ва вазифаҳои асосии ташаббусро муфассал шарҳ доданд. Мақсад, ба гуфтаи ӯ, ҷамъоварӣ, таҳлил ва муаррифии фолклор ва адабиёти кӯдаконаи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон аст, ки метавонад барои таҳияи пешниҳодҳои муассир ба муассисаҳои томактабӣ ва миёнаи умумӣ замина фароҳам оварад. Истифодаи намунаҳои беҳтарини фолклор ва адабиёти кӯдакона дар тарбияи худшиносии миллӣ, ҳисси ватандӯстӣ ва рушди маънавии кӯдакону наврасон саҳми назаррас мегузорад.

Дар идома, роҳбарон ва намояндагони муассисаҳои ҳамкор андеша ва пешниҳодҳои худро баён намуданд. Зикр гардид, ки татбиқи лоиҳа метавонад дар тарбияи насли наврас, рушди барвақтии кӯдакон ва ғанӣ гардонидани муҳтавои маърифатии онҳо натиҷаҳои назаррас ба бор орад. Ҳамаи муассисаҳо омодагии худро ҷиҳати ҳамкориҳои зич, ҳамоҳангсозии фаъолият ва дастгирии амалии марҳилаҳои татбиқи лоиҳа изҳор намуданд.

Дар фарҷоми ҳамоиш байни Институт ва як қатор муассисаҳои давлатӣ шартномаҳои ҳамкории дуҷониба имзо шуданд, аз ҷумла бо Раёсати маориф ва илми назди Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ВМКБ, Донишгоҳи давлатии Хоруғ ба номи М. Назаршоев, Филиали Донишкадаи ҷумҳуриявии такмили ихтисос ва бозомӯзии кормандони соҳаи маориф, Идораи радио ва телевизиони ВМКБ, рӯзномаи «Бадахшон» ва Раёсати фарҳанги ҳукумати ВМКБ. Ба ин муассисаҳо сипосномаҳо ҳамчун нишонаи қадрдонӣ барои саҳмашон дар рушди ҳамкориҳои илмӣ-таҳқиқотӣ тақдим гардид.

Чорабинӣ дар сатҳи баланди ташкилӣ ва фазои созандаи илмӣ баргузор гардида, ҳамчун қадами муҳими рушди таҳқиқоти фолклор ва адабиёти кӯдакона арзёбӣ мешавад.

АКС: Институти илмҳои гуманитарии ба номи академик Б. Искандаров Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон

error: