МОСКВА, 10 сентябри соли 2025 АИ «Караван Инфо». Дар ҷаласаи Шӯрои ҳуқуқи инсон дар Женева намояндаи Русия изҳор дошт, ки идораи комиссари олии СММ оид ба ҳуқуқи инсон (ИКОҲИ) дархостҳои русияро дар бораи рӯйдодҳои Буча 3,5 сол боз нодида мегирад.

Ба гуфтаи ӯ, ҳамаи муроҷиатҳои намояндагии доимии Русия ба комиссари олӣ Фолкер Тюрк ва ИКОҲИ бе ҷавоби субстантивӣ боқӣ мемонанд.
“Мо танҳо ҳамлаҳо ва иттиҳомоти сиёсиро мешунавем, дар ҳоле, ки ба мо рӯйхати қурбониёни эҳтимолӣ ва дигар далелҳо, аз ҷумла протоколҳои экспертизаи судӣ пешниҳод намуда намешавад”, — таъкид намуд намояндаи Русия.
Москва аз ИКОҲИ талаб мекунад, ки маълумоти мавҷударо пешниҳод кунад ё иттиҳомотро нисбати ФР бозхонд ва рад кунад.
Вазорати мудофиа қайд намуд, ки нерӯҳои Русия Бучаро санаи 30 марти соли 2022 тарк намуданд, дар ҳоле, ки канори ҷанубии шаҳр аз ҷониби ҷузъу томҳои украинӣ мавриди тирборон қарор гирифт.
Сухангӯи президент Дмитрий Песков ва ВКХ Сергей Лавров исрор доранд, ки иттиҳоми марги одамон дар Буча асос надорад ва аз ҷомеаи байналмилалӣ даъват мекунад, ки далелҳои Маскавро ба назар гирад.
Ба гуфтаи Муовини аввали намояндаи русия дар СММ Дмитрий Полянский, Дабири кулли СММ тасдиқ мекунад, ки Киев рӯйхати қурбониёнро пешниҳод намекунад, ки ин ба санҷиши тафсирҳо дар бораи рӯйдодҳои Буча монеъ мешавад.
Русия дар тӯли 3,5 сол аз ИКОҲИ маълумот дар бораи рӯйдодҳои Бучаро талаб мекунад, аммо онро намегирад. Москва изҳор медорад, ки ҳамаи ҷузъу томҳои Русия шаҳрро пеш аз ҳодисаҳои эҳтимолӣ тарк намудаанд ва иттиҳомот алайҳи ФР дар асоси маълумоти нопурра сохта шудааст.
Ҷониби Русия талаб мекунад, ки маълумот пешниҳод намуда шавад ё гузоришҳои нашршуда рад намуда шаванд.
Аксҳо: UN Photo / Jean-Marc Ferré
