Русия дар омодасозии раҳбарони сиёсии африқо ба 10 кишвари беҳтарин дохил шуд – ИА Караван Инфо
Русия дар омодасозии раҳбарони сиёсии африқо ба 10 кишвари беҳтарин дохил шуд

МОСКВА, 9 сентябри соли 2025 АИ»Караван Инфо».  Русия яке аз марказҳои пешрафтаи таълимӣ барои элитаи сиёсии Ояндаи Африқо гардид ва аз рӯи шумораи хатмкунандагон, ки дар ҳукуматҳо ва парлумонҳои қитъа вазифаҳои баландро ишғол намудаанд, ба 10 кишвари беҳтарин дохил шуд. Инро тадқиқоти НИУ ВШЭ тасдиқ мекунад.

Тибқи маълумоти олимон, 22 мансабдори баландпоя аз Ангола, Намибия, Мали, Мозамбик ва Ҷумҳурии Конго дар Русия таҳсил намудаанд.

Барои муқоиса, шумораи зиёди роҳбарони африқоӣ аз ҷониби қудратҳои собиқи мустамликавӣ омода намуда мешаванд: Фаронса 114 хатмкунанда, Бритониё 94. Рақобати назарраси онҳоро ИМА (78) ва Португалия (41) ташкил медиҳанд.

Қайд намуда мешавад, ки танҳо 13% сарони давлатҳои африқо дар ватан маълумоти олӣ гирифтаанд, ки ин нақши донишгоҳҳои хориҷиро дар ташаккули элитаи идоракунӣ ва сиёсии қитъа таъкид мекунад.

Русия ҳамкории таълимиро бо кишварҳои африқо фаъолона рушд дода, стипендия ва барномаҳои тайёр намудани мутахассисонро дар соҳаҳои гуногун аз иқтисодиёт то муносибатҳои байналмилалӣ пешниҳод мекунад.

Ин равиш имкон медиҳад, ки робитаҳои фарҳангӣ ва сиёсӣ тақвият дода шаванд, элитаи кадрҳои оянда ташкил намуда шаванд ва нуфузи кишвар дар қитъаи муҳими стратегӣ баланд бардошта шавад.

Аксҳо: РГ

error: