Дар охири нимсолаи аввали соли 2024 тичорат байни Точикистон ва Русия ба авчи таърихи расида, 968,5 миллион долларро ташкил дод, ки нисбат ба хамин давраи соли гузашта 14,1% зиёд аст. Ин хабарро Агентии омори Точикистон тасдик мекунад.

Воридоти мол аз Русия ба Точикистон 909,9 миллион долларро ташкил дод, дар холе ки содирот аз Точикистон ба Русия ба 58,6 миллион доллар расид. Русия шарики асосии Точикистон дар воридот гардид, ки 26,6% тамоми молхоро аз хорича ба Чумхури мерасонад.
Илова бар ин, Точикистон ба Русия махсулоти кишоварзи, аз чумла сабзавот ва мевахои тару тоза, инчунин нахуд, зардолуи хушк ва мавизро фаъолона интикол медихад. Тибки маълумоти агенти, дар чои дуюм аз руи хачми тичорат Чин бо гардиши 877,5 миллион доллар ва дар чои сеюм Казокистон бо хачми 668,9 миллион доллар карор дошт.
Соли гузашта гардиши умумии мол байни Русия ва Точикистон такрибан 1,8 миллиард долларро ташкил дода, дар муносибатхои иктисодии ду кишвар рушди таърихи нишон дод.
Аксхо: Мохвораи Точикистон