МОСКВА, 15 октябри соли 2025 АИ «Караван инфо». Дар моҳи сентябри соли 2025, Русия содироти шабонарӯзии нафти хомро ба 5,1 миллион баррел расонид, ки ин аз моҳи майи соли 2023 рекорд буд, хабар дод агентии байналмилалии энергетикӣ (АБЭ).

Бо вуҷуди ин, даромади содироти нафт ва маҳсулоти нафтӣ ба ҳадди ақали семоҳа тақрибан 13,35 миллиард доллар коҳиш ёфт,
Коҳиши даромад бори буҷетро афзоиш медиҳад: ҳукумат интизор аст, ки даромад аз бахши нафту газ дар соли 2025 аз оғози пандемия паст хоҳад буд.
Аз лаҳзаи оғози содироти нафт ҷузъи калидии даромади Русия гардид. Аммо ҳамлаҳои ҳавопаймоҳои бесарнишини украинӣ ба корхонаҳои коркарди нафт равона намуда шудаанд.
Таҳримҳои ғарбӣ, маҳдудиятҳои нархҳо ва афзоиши тахфифҳо барои нафти русия маржиналии содиротро коҳиш медиҳанд.
Аксҳо: Манбаъҳои кушода
