Москва, 31 июли соли 2025 АИ «Караван Инфо». Пас аз анчоми миссияи истгохи байналмилалии кайхони (ISS), Русия ва ИМА ният надоранд, ки хамкориро дар кайхон катъ кунанд.
Дар ин бора муовини раиси NASA оид ба барномахои кайхони Кен Бауэрсокс изхор дошт ва таъкид намуд, ки чонибхо “хануз хам роххои зиёде барои идомаи шарики доранд, агар шароит имкон дихад”.

Кадами мухим дар ин самт аввалин мулокоти ру ба ру бо рохбарони “Роскосмос” ва NASA дар хашт сол буд. Хайати тахти рохбарии директори генералии “Роскосмос” Дмитрий Баканов ба Хюстон омад, ки дар он чо бо хамкорони амрикои гуфтушунидхо баргузор шуданд.
ISS, ки дар аввал бояд соли 2020 ба итмом мерасид, ба шарофати созишномахои байни кишвархои иштирокчи фаъолият мекунад.
Соли 2015 Русия ва ИМА мухлати онро то соли 2024 тамдид намуданд, баъдтар Москва баромади онро то соли 2028 ба таъхир гузошт, дар холе ки шарикони бокимонда ният доранд, ки дар лоиха то соли 2030 иштирок кунанд.
Аксхо: EPA-EFE