Рустами Эмомали: “Амнияти пойтахт аз кори фидокоронаи макомоти хифзи хукук вобаста аст” – ИА Караван Инфо
Рустами Эмомали: "Амнияти пойтахт аз кори фидокоронаи макомоти хифзи хукук вобаста аст"

Душанбе, 21 август, АИ «Караван Инфо». Санаи 19 август тахти рохбарии Раиси Мачлиси миллии Мачлиси Олии Чумхурии Точикистон ва шахрдори шахри Душанбе Рустами Эмомали бо намояндагони макомоти хифзи хукуки пойтахт машварати назорати баргузор гардид.

Дар чаласа муовинони раиси шахр, рохбарони дастгох, раисони нохияхо, намояндагони сохторхои кудрати ва воситахои ахбори омма иштирок намуданд.

Дар машварат Тахти рохбарии шахрдори шахри Душанбе Рустами Эмомали масъалахои асосии амният, тартиботи хукуки ва пешгирии хукуквайронкунихо барраси шуданд.

Кори хамачонибаи амният:

*  Тадбирхо оид ба мубориза бо гардиши гайриконунии мол

* Пешгирии чинояткории маводи мухаддир

* Масъалахои бехатарии сухтор

* Масъалахои омодагии мудофиа

Дар хар як самт кадамхои мушаххас барои бехтар намудани вазъ муайян намуда шуданд.

 Раиси шахр аз афзоиши ходисахои манфи, ки ба ахлоки ҷамъияти ва саломатии шахрвандон тахдид мекунанд, изхори нигарони намуд.

“Танхо росткавли ва касбияти макомоти хифзи хукук метавонад муваффакиятро дар мубориза бо чинояткори кафолат дихад”, — изхор дошт Рустами Эмомали.

Карорхои асосии мачлис:

  • Таквияти кори зиддикоррупсиони

• Муносибати хамачониба ба амнияти шахр

• Хифзи арзишхои анъанавии чомеа.

Машварат бо як катор супоришхои мушаххас, ки ба тахкими тартиботи хукуки, баланд бардоштани самаранокии кори макомоти хифзи хукук ва химояи хукуки шахрвандон равона намуда шуда буданд, ба анчом расид.

Тадбирхои андешидашуда ба баланд бардоштани сатхи амният ва бехтар намудани сифати зиндаги дар пойтахт равона намуда шудаанд.

“Бояд тамоми куввахои мавчударо ба паст намудани сатхи чинояткори, таъмини тартибот ва омодаги ба чорабинихои дарпешистодаи давлати ва байналмилали равона намуд. Танхо бо талошхои муштарак мо метавонем дар Душанбе фазои сулху ороми эчод кунем”, – изхор дошт шахрдор.

– АКС: НИАТ”ХОВАР”

error: