Раиси Мачлиси миллии Мачлиси Олии Чумхурии Точикистон, Раиси шахри Душанбе Рустами Эмомали дар чараёни ифтитохи бинои IT-парки шахри Душанбе дар доираи намоишгохи “ICT WEEK-2025” ба шахсони масъул оид ба тархрези ва сохтмони Мактаби барномасози дар пойтахт дар муддати кутохтарин супориш дод.

Дар маросими ифтитохи он, Рустами Эмомали ахамияти ташаббусхои таълимиро, ки ба рушди малакахои раками дар байни чавонон нигаронида шудаанд, таъкид намуда, кайд намуд, ки таъсиси Мактаби барномасози кадами мухим дар таъмини кадрхо барои рушди иктисоди раками ва инноватсия дар Точикистон хохад буд.
Дар доираи чорабини, Рустами Эмомали ба намоишгохи карорхои технологи дар сохаи нармафзор ва технологияхои иттилооти ташриф овард, бо имкониятхои ракамии ширкатхои ватани шинос шуд. Таваччух ба рушди бахши IT як кисми стратегияи милли оид ба ноил шудан ба хадафхои иктисоди Раками барои солхои 2025-2030 мебошад, ки аз чониби Президенти Чумхурии Точикистон Эмомали Рахмон дода шудааст.
Парки IT-и шахри Душанбе соли 2024 бо Карори Хукумати Чумхурии Точикистон таъсис ёфта, ба платформаи мухим барои дастгирии инноватсия ва стартапхо дар сохаи технологияхои иттилооти табдил ёфтааст. То имруз 11 ширкати ватани узви доимии it-парк гардидаанд ва то охири сол чалби 100 ширкати дигар ба накша гирифта шудааст, ки ба рушду тараккиёти минбаъдаи иктисоди раками мусоидат хохад намуд.
Рустами Эмомали хамчунин кайд намуд, ки дар шароити тагйироти босуръати чахон Точикистон бояд илму технология ва ракамисозиро фаъолона рушд дихад, то мавкеи худро дар иктисоди чахони мустахкам намояд. Дар ин замина, лоихаи татбики зехни сунъи дар муассисахои таълими то соли 2026 ва тавонмандсозии омузиш дар сохаи технология кадамхои мухим барои эчоди насли раками мебошанд.
Инчунин ба татбики шабакаи 5G диккати махсус дода мешавад, ки барои рушди хидматхои раками ва дастрасии зуд ба захирахои интернети уфукхои нав мекушояд. Интизор меравад, ки дар доираи IT-парки шахри Душанбе намоишгоххо, форумхо, мастер-классхо ва мубохисахо баргузор шаванд, ки ба тахкими дониш ва тачриба дар сохаи технологияхои раками мусоидат мекунанд.
Ин ташаббусхо ахамияти рушди ракамиро барои рушди устувори иктисодии кишвар таъкид мекунанд ва инчунин барои мутахассисон ва сохибкорони чавон дар сохаи технологияхои иттилооти имкониятхои васеъ фарохам меоранд.
Аксхо: Хадамоти Матбуоти Раиси Шахри Душанбе