Рузи байналмилалии энергияи тоза: Точикистон пешвои чахони дар истехсоли энергияи баркароршаванда мебошад – ИА Караван Инфо
Рузи байналмилалии энергияи тоза: Точикистон пешвои чахони дар истехсоли энергияи баркароршаванда мебошад

Санаи 23 январ намояндаи доимии Точикистон дар созмони Милали Муттахид Чонибек Хикмат дар чорабинии махсус бахшида ба рузи байналмилалии энергияи баркароршаванда иштирок намуд.

Чонибек Хикмат дар суханронии худ пешсафии Точикистонро дар сохаи истехсоли энергияи баркароршаванда таъкид намуда, кайд намуд, ки беш аз 98% неруи барки кишвар аз хисоби манбаъхои об истехсол мешавад. Вай инчунин дар бораи иктидори баркароршавандаи энергетика дар Точикистон ва татбики лоихахои асосии милли, аз чумла сохтмони Неругохи Барки Обии “Рогун” ва лоихаи CASA-1000, ки ба бехтар намудани мубодилаи энергетики дар Осиёи Маркази ва Чануби нигаронида шудааст, маълумоти муфассал дод.

Намояндаи доимии Точикистон ба ахамияти афзоиши сармоягузори ба инфрасохтори энергетикаи “сабз”, табодули технологияхои пешрафта ва тахкими иктидорхои милли барои таъмини рушди устувори манбаъхои баркароршавандаи энергия таваччухи хоса зохир намуд.

Дар чараёни суханронии худ, Хикмат инчунин накши калидии энергияи баркароршавандаро дар расидан ба Хадафи рушди устувори 7 (SDG 7) ва халли мушкилоти глобалии тагиребии иклим кайд намуд. Ба зарурати таквияти хамкорихои байналмилали барои таъмини дастрасии устувор ба энергия, бахусус барои табакахои осебпазири ахоли диккати махсус дода шуд.

Аксхо: намояндагии доимии Точикистон дар назди СММ

error: