Душанбе, 11 март, – АИ «Корвон Иттилоот». 10 марти соли 2026 дар Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши илмӣ-фарҳангӣ бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик таҳти унвони «Саҳми матбуот дар рушди давлатдории миллӣ» баргузор гардид.

Чорабинии мазкур бо ташаббуси шуъбаи таҳрир ва табъу нашри Академия ташкил шуда, ҳадафаш арҷгузорӣ ба нақши матбуот дар рушди ҷомеа, баланд бардоштани мавқеи воситаҳои ахбори омма ва таҳкими ҳамкории муҳаққиқон ва рӯзноманигорон буд.
Ноиби ректор оид ба илм ва инноватсия, номзади илмҳои таърих, дотсент Карамалишоев Карамалишо ҳамоишро ифтитоҳ намуда, иштирокчиёнро ба муносибати Рӯзи матбуоти тоҷик табрик гуфт. Дар суханронии худ ӯ нақши муҳими матбуотро дар рушди ҷомеаи демократӣ, таҳкими давлатдории миллӣ ва баланд бардоштани сатҳи маърифати сиёсӣ ва ҳуқуқии шаҳрвандон таъкид намуд. Зикр гардид, ки воситаҳои ахбори омма яке аз муҳимтарин роҳҳои таблиғи дастовардҳои давлат, сиёсати созандаи кишвар ва ҳифзи манфиатҳои миллӣ маҳсуб меёбанд.
Дар идомаи ҳамоиш раиси Иттифоқи журналистони Тоҷикистон, номзади илмҳои филологӣ Зинатулло Исмоилзода суханронӣ намуда, оид ба нақши рӯзноманигорон дар инъикоси воқеиятҳои ҷомеа, рушди фазои иттилоотӣ ва таҳкими масъулияти касбӣ андешаҳои худро баён кард. Ӯ таъкид намуд, ки журналистикаи муосир бояд бар асоси принсипҳои касбият, воқеъбинӣ ва эҳтироми арзишҳои миллӣ амал намуда, саҳми арзанда дар баланд бардоштани маърифати ҷомеа гузорад.
Ҳамчунин суханрониҳо аз ҷониби сармуҳаррирони рӯзномаҳо ва намояндагони соҳаи журналистика шунида шуд:
- сармуҳаррири «Народная газета» Маҳбуба Камолова,
- муовини сармуҳаррири «Садои мардум» Абдулло Далер Абдулло,
- сармуҳаррири «Паёми Душанбе» Лашкар Шарифзода,
- мудири кафедраи телевизион ва радиошунавонии факултети журналистика ва тарҷумонии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон Сангин Гулов.
Иштирокчиён дар баромадҳои худ ба аҳамияти матбуот дар таҳкими давлатдории миллӣ, рушди фазои иттилоотии кишвар, тарбияи насли нави рӯзноманигорони касбӣ ва муаррифии Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ таъкид карданд. Зикр гардид, ки матбуот ҳамчун ниҳоди муҳими ҷомеаи шаҳрвандӣ метавонад дар таҳкими суботи сиёсӣ, рушди иҷтимоиву иқтисодӣ ва ваҳдати миллӣ саҳми назаррас гузорад.
Дар ҳамоиш масоили баланд бардоштани сифати маводи журналистӣ, рушди журналистикаи таҳлилӣ, истифодаи технологияҳои муосири иттилоотӣ ва омодасозии кадрҳои баландихтисос низ баррасӣ шуданд. Ҳамкории Академия бо намояндагони васоити ахбори омма хуб ба роҳ монда шуда, рӯзноманигорон дар инъикоси фаъолияти илмию таълимӣ ва чорабиниҳои Академия саҳми назаррас доранд.

Дар қисми тантанавии ҳамоиш, раиси Иттифоқи журналистони Тоҷикистон Зинатулло Исмоилзода ба мудири шуъбаи таҳрир ва табъу нашри Академия Хуррамзода Муминшо шаҳодатномаи Узви Иттифоқи журналистони Тоҷикистон тақдим намуд. Ҳамзамон, як қатор рӯзноманигорон ва кормандони соҳаи матбуот барои саҳми арзандаашон сипоснома ва туҳфаҳои хотиравӣ гирифтанд.
Чорабинӣ бо барномаи фарҳангӣ-консертӣ ҷамъбаст гардида, дар фазои гарму самимӣ ва руҳияи идона анҷом ёфт. Иштирокчиён ҳамоишро ҳамчун заминаи муҳими таҳкими ҳамкории илмӣ ва касбӣ миёни муҳаққиқон, омӯзгорон ва рӯзноманигорон арзёбӣ намуданд, ки барои густариши фазои иттилоотии солим ва рушдёбанда мусоидат мекунад.
АКС: Хадамоти матбуоти Академияи идоракунии давлатӣ
