Душанбе, 27 феврал, – АИ «Корвон Иттилоот». Дар шаҳри Душанбе 26 феврал бахшида ба Рӯзи байналмилалии занону духтарон дар илм конференсияи байналмилалии илмӣ-амалӣ таҳти унвони «Саҳми занон дар рушди илм» баргузор гардид. Ҳамоиш бо ибтикори Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ва бо дастгирии Созмони Милали Муттаҳид – занон доир шуд.

Дар кори конференсия муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Дилрабо Мансурӣ, роҳбарияти ниҳодҳои давлатӣ ва намояндагони ҷомеаи илмӣ ширкат варзида, дастовардҳои таҳқиқотии занонро баррасӣ карданд. Зикр гардид, ки ин чорабинӣ 13 сол боз дар сатҳи ҷумҳурӣ баргузор шуда, ду соли охир ба сатҳи байналмилалӣ бароварда шудааст. Намояндагон аз Қазоқистон, Қирғизистон, Озарбойҷон ва Туркманистон ба таври маҷозӣ маърӯза пешниҳод намуданд.
Таъкид шуд, ки саҳми занон дар таҳкими пояҳои давлатдорӣ ва рушди илми муосир назаррас аст. Бо вуҷуди афзоиши теъдоди рисолаҳои ҳимояшуда, аксари занон бештар дар риштаҳои гуманитарӣ фаъоланд, дар ҳоле ки кишвар ба мутахассисони соҳаҳои дақиқ, техникӣ ва технологӣ ниёз дорад. Аз ин рӯ, зарурати бедор намудани шавқи духтарон ба илмҳои дақиқ аз зинаҳои таҳсилоти миёна муҳим арзёбӣ гардид.
Иттилоъ дода шуд, ки дар давраи соҳибистиқлолӣ шумораи муассисаҳои таҳсилоти касбӣ аз 13 ба 48 расидааст. Айни замон дар соҳаи маориф ва илм 1093 номзади илм, 159 доктори илм, 95 профессор, 700 дотсент ва 1050 ассистент аз ҳисоби занон фаъолият доранд. Дар Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон 2 академик, 3 узви вобаста, 33 доктор ва 109 номзади илм, инчунин 102 магистрант ва 75 докторанти PhD зан мебошанд.

Раиси Кумитаи кор бо занон ва оила Бунафша Файзиддинзода баргузории ҳамоишро қадами муҳим дар муаррифии дастовардҳои илмии занон ва таҳкими баробарҳуқуқии гендерӣ арзёбӣ намуд.
Дар анҷом як қатор занони фаъоли соҳаи илм бо Сипоснома қадрдонӣ шуданд. Чунин ташаббусҳо ба ҳавасмандсозии олимони ҷавон ва ҷалби бештари духтарон ба таҳқиқоти илмӣ мусоидат мекунанд.
АКС: Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон / National Academy of Sciences
