Душанбе, 12 сентябр, – АИ «Корвон Иттилоот».11 сентябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо сафари корӣ ба ноҳияи Балҷувони вилояти Хатлон ташриф овард. Қадами асосӣ ифтитоҳи корхонаҳои нави саноатӣ дар ҷамоати деҳоти Кӯҳаншаҳр буд.

Дар масоҳати зиёда аз як гектар маҷмааи саноатӣ ташкил ёфт, ки дар он корхонаҳои истеҳсоли орд, равғани растанӣ, коркарди меваву сабзавот, меваи хушк ва гиёҳҳои шифобахш фаъолият мекунанд.
Ҳаҷми умумии сармоягузорӣ 9 миллион сомонӣ мебошад.
Наздик ба 100 ҷойи корӣ барои аҳолии маҳаллӣ таъсис дода шуд.
Дар ҶДММ «Рушди Балҷувон» бо истифода аз таҷҳизоти муосир то 20 тонна орд дар як шабонарӯз истеҳсол мешавад. Маҳсулот бо тамғаи «Орди Балҷувон» ба бозор бароварда мешавад.

Дар дигар корхонаҳои маҷмаа хатҳои истеҳсоли равғани пахтаю офтобпараст ва инчунин шарбати меваву сабзавот ба роҳ монда шудааст.
Соҳибкори ватанӣ Адҳам Холбобо зиёда аз 25 навъи маҳсулот-ро таҳти тамғаи «Файзи Балҷувон» ба роҳ мондааст, ки ба стандартҳои байналмилалӣ ҷавобгӯ мебошанд. Барои аввалин бор аз Балҷувон меваҳои хушк ба хориҷи кишвар содир мешаванд.

Президенти кишвар таъкид кард, ки рушди саноати коркард вобастагии бозори дохилиро аз воридот кам намуда, ҷойҳои нави корӣ фароҳам меорад ва имкониятҳои содиротиро васеъ мегардонад.

Дар ҳамин рӯз Эмомалӣ Раҳмон бинои нави Шуъбаи Кумитаи давлатии амнияти миллӣ дар ноҳияи Балҷувонро ба истифода дод.
Барои кормандон 9 хонаи истиқоматӣ бо тамоми шароити зиндагӣ омода шудааст.
Пешвои миллат калидҳои хонаҳоро шахсан тақдим намуда, таъкид карданд, ки ғамхорӣ нисбат ба ниҳодҳои қудратӣ самти муҳими сиёсати давлатӣ мебошад.

Рӯйдоди муҳим ифтитоҳи Мактаби Президентӣ барои хонандагони болаёқат буд, ки нахустин муассисаи таълимии насли нав дар ноҳияи Балҷувон ба ҳисоб меравад.
Мактаб дорои синфхонаҳои муосир, лабораторияҳо, китобхона ва толорҳои варзишӣ буда, имконият фароҳам меорад, то хонандагони болаёқат дар шароити баробар таҳсил намоянд.

Президенти кишвар бо лоиҳаи сохтмони роҳи аҳамияти ҷумҳуриявӣ Балҷувон – Сари Хосор шинос шуданд. Ин тарҳ пайвасти доимӣ ва босифати нақлиётиро миёни деҳаҳои ноҳия таъмин намуда, барои рушди тиҷорат ва болоравии сатҳи зиндагии мардум мусоидат мекунад.

Дар идомаи сафар Эмомалӣ Раҳмон пас аз бозсозӣ Маркази таърихиву фарҳангии Балҷувон, аз ҷумла Қалъаи таърихии Балҷувонро ифтитоҳ намуданд.

Кори бозсозӣ аз соли 2019 оғоз гардида, бо дастгирии давлат ва соҳибкорони маҳаллӣ анҷом ёфт.
Марказ бо тарҳи муосир ва мутобиқ ба меъёрҳои меъморӣ таҷдид гардида, дорои толори намоишгоҳ, осорхонаи таърихӣ, китобхона ва гӯшаҳои фарҳанги миллӣ мебошад.
Президенти мамлакат таъкид намуданд, ки чунин муассисаҳо мактаби худшиносии миллӣ буда, насли ҷавонро ба омӯзиши таърих ва арҷгузории фарҳанги гузаштагон ҳидоят мекунанд.

Сафари кории Эмомалӣ Раҳмон ба ноҳияи Балҷувон самтҳои калидӣ — саноат, маориф, иҷтимоӣ, нақлиёт ва фарҳангро фаро гирифт.
Ин ташаббусҳо ҷойҳои нави корӣ фароҳам оварда, пойгоҳи таълимиро таҳким бахшида, мероси таърихиро эҳё менамоянд ва сатҳи зиндагии мардумро боло мебардоранд.

АКСҲО: Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
