Душанбе, 16 сентябр, – АИ «Корвон Иттилоот». Раиси Жогорку Кенеши Ҷумҳурии Қирғизистон Нурланбек Тургунбек уулу 15 сентябр бо сафари расмӣ ба Душанбе ташриф овард. Дар Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе ӯро муовини якуми Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар шахсони расмӣ гарму самимӣ истиқбол гирифтанд.

Дар оғози сафараш, меҳмони олимақом бо нишони эҳтиром ба таърихи давлатдорӣ ва фарҳангу тамаддуни миллати тоҷик дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузошт. Ин иқдом рамзи эҳтироми ҳамсоягӣ ва арҷгузорӣ ба арзишҳои таърихии Тоҷикистон арзёбӣ мешавад.

Марҳалаи асосии сафар мулоқоти Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ бо Раиси Жогорку Кенеши Қирғизистон Нурланбек Тургунбек уулу буд.
Суҳбатҳо дар фазои самимӣ ва бо иштироки ҳайатҳои расмии ҳар ду ҷониб сурат гирифтанд. Пеш аз оғози музокирот меҳмони олимақом дар Китоби меҳмонони ифтихории Парламенти Тоҷикистон соядаст гузошт.

Дар ҷараёни мулоқот ҷонибҳо доираи васеи масъалаҳои муносибатҳои дуҷонибаро баррасӣ карданд. Тамаркуз асосан ба таҳкими ҳамкориҳои байнипарлумонӣ, густариши робитаҳои сиёсӣ ва барномаҳои иқтисодӣ ва иҷтимоии мавриди таваҷҷуҳи тарафайн равона гардид.
Сафари расмии Раиси Жогорку Кенеши Қирғизистон ба Душанбе дар замоне сурат мегирад, ки ҳамкориҳои Тоҷикистону Қирғизистон дар чанд соли охир марҳалаҳои нави рушдро аз сар мегузаронанд. Ҳар ду кишвар ҳамчун ҳамсоягони наздик ва узви созмонҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ ниёз доранд, ки муносибатҳои худро дар заминаҳои иқтисодӣ, тиҷоратӣ, фарҳангӣ ва амниятӣ густариш диҳанд.
Муколамаи мустақим миёни роҳбарони парлумонҳо метавонад ба таҳкими эътимоди сиёсӣ ва ҳамоҳангсозии ташаббусҳои қонунгузорӣ мусоидат намояд. Инчунин, чунин сафари сатҳи баланд заминаи мусоид барои бартарафсозии нофаҳмиҳо ва таҳкими ҳамсоягии нек ба ҳисоб меравад.
Сафари Нурланбек Тургунбек уулу ба Душанбе қадами муҳим дар самти тақвияти ҳамкориҳои байнипарлумонии Тоҷикистону Қирғизистон арзёбӣ мешавад. Ин иқдом метавонад барои рушди ҳамгироии минбаъда ва таҳкими муносибатҳои дӯстона миёни ду кишвари ҳамсоя такони ҷиддӣ бахшад.
АКС: Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон