Сафари сатхи баланд: директори Генералии ФАО барои тахкими хамкори ба Точикистон меояд – ИА Караван Инфо
Сафари сатхи баланд: директори Генералии ФАО барои тахкими хамкори ба Точикистон меояд

Душанбе, 28 апрел, АИ Караван Инфо. Директори генералии созмони Озукавори ва кишоварзии Созмони Милали муттахид (ФАО) Сюй Дунъюй бо сафари кори ба Точикистон омад.

Дар рафти сафар мулокоти Сюй Дунъюй бо рохбарони як катор вазорату идорахои кишвар барои мухокимаи дурнамои хамкории дучониба дар сохаи кишоварзи ва амнияти озукавори ба накша гирифта шудааст.

Раиси ФАО инчунин бо фаъолияти хочагии мохидории махалли шинос мешавад ва ба дараи Алмоси нохияи Хисор ташриф меорад — иншооте, ки барои дохил шудан ба фехристи системахои глобалии мероси кишоварзи пешниход шудааст.

Илова бар ин, барномаи сафар азназаргузаронии муассисаи Давлатии “Кохи Навруз” – намунаи барчастаи санъати беназири меъмори ва шахрсозии мардуми точик, инчунин боздид аз осорхонаи Миллии Точикистонро дар бар мегирад.

Кобили зикр аст, ки рушди хамкории Точикистон бо ФАО пас аз мулокоти Президенти Чумхурии Точикистон Эмомали Рахмон бо Сюй Дунъюй 25 апрели соли 2024 дар Рум дар доираи сафари расми ба Италия такони нав пайдо намуд. Дар музокирот масъалахои мубрами мусоидат ба рушди кишоварзи ва таъмини амнияти озукавори барраси шуданд.

ФАО яке аз ташкилотхои пешбари махсуси СММ мебошад, ки соли 1945 таъсис ёфтааст. Он 194 давлати узвро муттахид мекунад ва дар мубориза бо гуруснаги ва тахкими амнияти озукавори дар саросари чахон накши мухим мебозад. Маркази асосии созмон дар Рим, Италия чойгир аст.

АКСХО: аз манбаъхои кушода

error: