«Сайри гули лола»: баҳор ҳамчун рамзи ваҳдат ва фарҳанги шаҳрӣ – ИА Караван Инфо
«Сайри гули лола»: баҳор ҳамчун рамзи ваҳдат ва фарҳанги шаҳрӣ

Душанбе, 27 феврал, – АИ «Корвон Иттилоот». Шанбеи чоруми моҳи апрели соли 2026 дар шаҳри Душанбе Фестивали гулҳо таҳти унвони «Сайри гули лола» баргузор мегардад.

Фестивал аз се марҳила иборат аст: марҳилаи аввал дар сатҳи маҳаллаҳо, деҳаҳо ва ҷамоатҳо то 18 март, марҳилаи дуюм дар сатҳи ноҳияҳо, шаҳрҳо ва вилоятҳо то 25 март ҷамъбаст мегардад. То 1 апрел ғолибон ба Комиссияи ҷумҳуриявӣ пешниҳод мешаванд. Марҳилаи ниҳоӣ ва маросими ҷоизасупорӣ 25 апрел дар Душанбе баргузор мешавад.

Ғолибон аз рӯи номинатсияҳои гуногун — беҳтарин гулпарвар, беҳтарин гулгашт ва хиёбон, беҳтарин боғҳои фарҳангиву фароғатӣ, инчунин беҳтарин деҳа, маҳалла, ҷамоат, ноҳия, шаҳр ва вилоят муайян мегарданд. Меъёрҳо шумораи гулзорҳо, тарҳи ҷолиб, сифати ободонӣ, роҳравҳо, ҷойҳои истироҳат ва таъминот бо оби полезиро дар бар мегиранд.

Фестивал аз соли 2019 бо ибтикори Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат Эмомали Рахмон баргузор мешавад ва ба тарбияи завқи зебоипарастӣ, баланд бардоштани фарҳанги шаҳрнишинӣ ва маърифати экологӣ равона гардидааст.

Акс: НИАТ «Ховар»

error: