Душанбе, 10 январ, – АИ «Корвон Иттилоот». Шанбе ва якшанбеи чоруми моҳи апрел дар Тоҷикистон Фестивали гулҳо бо номи «Сайри гули лола» баргузор мешавад. Ин чорабинӣ дар асоси «Ҷадвали баргузории ҷашну солгарду фестивалу намоишҳо, озмунҳои фарҳангӣ, маърифатӣ ва анъанаҳои мардумӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2026», ки бо Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2 январ 2026 тасдиқ шудааст, гузаронида мешавад.

АКС: Фестивали “Сайри гули лола” дар шаҳри Хуҷанд
Барои баргузории фестивал Кумитаи рушди маҳал, вазоратҳои кишоварзӣ ва фарҳанг, Кумитаи ҳифзи муҳити зист, Агентии хоҷагии ҷангал, кумитаҳои хоҷагии манзил ва коммуналӣ, воситаҳои ахбори омма, мақомоти рушди сайёҳӣ, кор бо занон ва оила, кор бо ҷавонон ва варзиш, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо, иттифоқи нависандагон, дизайнерон ва рассомон масъуланд.
Дар шаҳри Душанбе дар мавсими нави ниҳолшинонӣ дар пойтахт 3 миллиону 999 ҳазору 630 дона гули лола шинонида мешавад, ки бо Қарори Раиси шаҳр барои баргузории фестивал дар сатҳи баланд пешбинӣ шудааст.
Ҳадафи Фестивали «Сайри гули лола» эҳёи анъанаҳои ниёгон, эҳтиром ба зебоӣ ва ободонии муҳити атроф, бедор кардани муҳаббати аҳолӣ ба гулпарварӣ, ҳифзи мероси табиӣ ва зебо намудани ҳар хона, кӯча, маҳалла, деҳа, шаҳрак ва вилоят мебошад. Ҳамзамон, фестивал рушди сайёҳӣ ва ҷалби меҳмонони дохилӣ ва хориҷиро таъмин менамояд.
Фестивали гулҳо аз соли 2019 мувофиқи Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 13 декабри соли 2018 доир мегардад. Ғолибони Озмуни ҷумҳуриявии «Сайри гули лола» бо туҳфаҳои хотиравии Кумитаи рушди маҳал қадрдонӣ мешаванд.

Таърихшиносон таъкид мекунанд, ки нақши гули лола дар қадимтарин ёдгориҳои археологӣ ва сангӣ ба назар мерасад. Нақшҳои лола дар мӯҳрҳои сангӣ ва биринҷӣ, ки беш аз 20 аср пеш аз милод сабт шудаанд, ва ҳамчунин дар асрҳои 3–5 мелодӣ дар зарфҳои нуқрагин ва мӯҳрҳо бо се гулбарг тасвир шудаанд.
Фестивали «Сайри гули лола» на танҳо ҷашни зебоӣ, балки лоиҳаи фарҳангӣ ва иҷтимоӣ мебошад, ки таърих, ҳунар ва ободонии замони муосирро бо ҳам мепайвандад.
АКС: НИАТ «ХОВАР»
