Саломатии миллат: дар Қазоқистон тамоюлҳои мусбати демографӣ ба қайд гирифта шудаанд – ИА Караван Инфо
Саломатии миллат: дар Қазоқистон тамоюлҳои мусбати демографӣ ба қайд гирифта шудаанд

ОСТОНА, 02 январ АИ «Караван Инфо». Дар Қазоқистон динамикаи мусбати устувори нишондиҳандаҳои асосии саломатии аҳолӣ қайд намуда мешавад. Ин афзоиши самаранокии системаи тандурустӣ ва беҳтар шудани сифати нигоҳубинро инъикос мекунад.

Дар даҳ моҳи соли ҷорӣ фавти умумӣ 2,7% ва фавти кӯдакон дар муқоиса бо ҳамин давраи соли гузашта 18,7% коҳиш ёфтааст. Яке аз афзалиятҳои сиёсати давлатӣ афзоиши давомнокии умр боқӣ мемонад.

Тибқи маълумоти Бонки Ҷаҳонӣ, Қазоқистон аз рӯи ин нишондиҳанда дар Осиёи Марказӣ мавқеи пешсафро ишғол мекунад: дар соли 2024 давомнокии миёнаи умр ба 75,4 сол расид. Тағйироти мусбат бо рейтингҳои байналмилалӣ низ тасдиқ намуда мешавад. Дар гузориши Барномаи рушди СММ оид ба индекси рушди инсон дар соли 2025, кишвар дар байни 193 давлат ба ҷои 60-ум баромад ва натиҷаро дар як сол ҳафт зина беҳтар намуд.

Коршиносон ин пешрафтҳоро бо ислоҳоти системавӣ ва афзоиши дастрасии кӯмаки тиббӣ ба аҳолӣ рабт медиҳанд.

Аксҳо: Вазорати Тандурустии ҶҚ

error: