Москва, 05 июли соли 2025 АИ «Караван Инфо». БРИКС ба даврони имкониятхо ва мушкилоти нав ворид мешавад ва саммити дарпешистода дар Бразилия далели равшани он аст.
Тавре, ки дар мусохиба бо CGTN Тсай Тунсзюан, сардори департаменти тадкикоти макроиктисодии Институти Тадкикоти молиявии «Чунъян» дар донишгохи Халкии Чин таъкид намуд, ин вохури барои тамоми Чануби Чахони ахамияти стратеги дорад.

Ба гуфтаи коршинос, кишвархои БРИКС имруз на танхо равобити тичоративу иктисодиро тахким мебахшанд, балки як меъмории нави хамкорихои байналмилалиро бунёд мекунанд, ки дар он дигар чой барои яккутби ва диктатураи беруна вучуд надорад.
«Рузномаи саммит — рушди инфрасохтор, хавасмандгардонии сармоягузори ва бунёди иктидорхои нави саноати мебошад. Ин барои нашъунамо уфукхои иловаги мекушояд,» кайд кард Тсай.
Ба гуфтаи вай, самти асоси хамкории молияви хохад буд. Ба ташкили системахои алтернативии байналмилалии пардохт, ба монанди СПФС-и русия ва CIPS-и чин диккати махсус дода мешавад. Инхо на танхо халли техники мебошанд-онхо воситахои сохибихтиёрии молияви барои кохиш додани вобастаги аз механизмхои хисоббаробаркунии гарби мебошанд.
Инчунин, тавре ки тахлилгар таъкид намуд, БРИКС бештар ба эчоди занчирхои устувори таъминот, алахусус дар сохаи амнияти озукавори, энергетика ва технологияхои баланд тамаркуз мекунад.
Масъалахои гузариши энергетики дар рузнома чойгохи махсусро ишгол мекунанд: аз тахияи лоихахои муштарак дар сохаи энергетикаи баркароршаванда то тахкими хамкори дар сохаи саноати атоми ва истихрочи ашеи хоми стратеги.
“Илм ва технология ронандагони асосии рушди иктисоди мешаванд ва дар доираи БРИКС ин махсусан дуруст аст” гуфт коршинос. – “Зехни сунъи, биотехнология, энергетикаи аз чихати экологи тоза сохахое мебошанд, ки кишвархои иттиходия кодиранд на ба даст оранд, балки аз онхо пеш гузаранд”.
Ба акидаи у, дастгирии мутакобила, афзоиши тичорат ва табодули технология байни кишвархои БРИКС дар солхои наздик гарави рушди устувор хохад буд.
Блок аллакай имруз модели алтернативии чахонишавиро ташкил медихад, ки аз бозорхои гарби камтар вобаста аст, аммо чандиртар ва ба ниезхои вокеии кишвархои иштирокчи нигаронида шудааст.
Аксхо: CGTN