Душанбе, 07 апрел, – АИ «Корвон Иттилоот». Дар Тоҷикистон тадбирҳои муназзам барои таҳкими амнияти озуқаворӣ ва беҳтар намудани сифати ғизои аҳолӣ идома доранд. Аз 30 март то 1 апрели соли 2026 Барномаи ҷаҳонии озуқаворӣ (World Food Programme) дар ҳамкорӣ бо Министерство здравоохранения и социальной защиты населения Республики Таджикистан барои намояндагони корхонаҳои ордбарории маҳаллӣ дар шаҳри Душанбе барномаи омӯзишӣ баргузор намуд.

Дар доираи омӯзиш масъалаҳои асосии ғанигардонии орд бо витаминҳо ва минералҳо, истифодаи премиксҳо, тарзи кор ва нигоҳдории таҷҳизоти махсус, инчунин назорати сифат ва танзими давлатӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Ҳамзамон ба масъалаҳои бастабандӣ, тамғагузорӣ ва нигоҳдории дурусти маҳсулот диққати махсус дода шуд, ки барои ҳифзи арзиши ғизоии орд аҳамияти калон доранд. Иштирокчиён инчунин роҳҳои беҳтар намудани ҳамкориҳои иттилоотиро барои тақвияти барномаи миллӣ муҳокима намуданд.
Қисмати амалӣ боздид аз яке аз корхонаҳои ордбарории маҳаллиро дар бар гирифт, ки дар он иштирокчиён равандҳои ғанигардонии ордро аз наздик мушоҳида карданд. Ин таҷриба ба пайвастани донишҳои назариявӣ бо малакаҳои амалӣ мусоидат намуд.
Ба гуфтаи коршиносон, рушди истеҳсоли орди ғанигардонидашуда барои кишвар аҳамияти стратегӣ дорад. Зеро орд ва маҳсулоти нонӣ яке аз ғизоҳои асосии аҳолӣ буда, ғанигардонии онҳо бо моддаҳои муфид метавонад сатҳи саломатии мардумро ба таври назаррас беҳтар намояд.

Дар оянда интизор меравад, ки бо татбиқи чунин барномаҳо Тоҷикистон имконияти таъмин намудани аҳолиро бо маҳсулоти босифат ва серғизо дар тамоми минтақаҳо боз ҳам беҳтар гардонад.
Акс: Барномаи ҷаҳонии озуқаворӣ (World Food Programme)
