Саноати карди Қазоқистон бо сабаби афзоиши химия, саноати сабук ва масолеҳи сохтмонӣ 5,9% афзоиш ёфт – ИА Караван Инфо
Саноати карди Қазоқистон бо сабаби афзоиши химия, саноати сабук ва масолеҳи сохтмонӣ 5,9% афзоиш ёфт

Остона, 17 декабри соли 2025 АИ «Караван Инфо». Саноати коркарди Қазоқистон дар давраи ҳисоботӣ 5,9% афзоиш ёфт. Дар ин бора дар ҷаласаи ҳукумат муовини Вазири саноат ва сохтмон Олжас Сапарбеков хабар дод.

Саноати кимиё афзоиши калонтаринро нишон дод, ки дар он ҳаҷми истеҳсолот 8,1% афзуд. Ин ба воситаи зиёд намудани истеҳсоли нуриҳои минералӣ, полипропилен ва маводи лакӣ-рангӣ ба даст оварда шуд.

Дар саноати сабук 7,4% афзоиш ба қайд гирифта шудааст, дар ҳоле, ки истеҳсоли маҳсулоти бофандагӣ якбора 12,9% афзоиш ёфтааст. Саноати масолеҳи сохтмонӣ низ бо афзоиши 7,1% ба шарофати афзоиши истеҳсоли бетон, семент ва омехтаҳои сохтмонӣ натиҷаҳои мусбат нишон медиҳад.

“Динамикаи мусбат асосан натиҷаи тадбирҳо оид ба баланд бардоштани сарбории иқтидорҳои ватанӣ ва таъмини корхонаҳо бо ашёи хоми дастрас мебошад”, – изҳор дошт Сапарбеков.

Аксҳо: Вазорати Саноати ҶҚ

error: