Сапёрони қазоқистонӣ дар Баландиҳои Голан зиёда аз 1200 ашёи таркандаро нобуд карданд – ИА Караван Инфо
Сапёрони қазоқистонӣ дар Баландиҳои Голан зиёда аз 1200 ашёи таркандаро нобуд карданд

Остона, 21 январи соли 2026 АИ «Караван Инфо». Гурӯҳи муҳандисӣ-сапёрии контингенти сулҳпарварони қазоқистон дар баландиҳои Голан зиёда аз 1200 ашёи тарканда ва 43 дастгоҳи таркандаи худсохтро нобуд намуданд. Дар ин бора Вазорати мудофиаи ҶҚ хабар дод.

Амалиёт аз 11 апрели соли 2025 тибқи мандати СММ гузаронида шуд. Низомиёни қазоқистон инчунин чорабиниҳои ҷустуҷӯӣ ва иктишофӣ анҷом дода, амнияти кормандони СММ ва аҳолии осоиштаро таъмин намуданд.

“Ҳамаи лавозимоти ошкоршуда мероси хатарноки низоъҳои мусаллаҳона мебошанд” гуфт афсари Маркази амалиёти сулҳҷӯён майор Реннар Амантайулӣ.

Сурат: ВМ ҶҚ

error: