Сардори ВКХ-и Қазоқистон ҳамкориро бо сафири Хорватия баррасӣ намуд
Остона, 7 январи соли 2026-АИ «Караван Инфо». Вазири корҳои хориҷии ҶҚ Ермек Кошербаев бо сафири Хорватия Рефик Шабанович мулоқот намуд. Онҳо масъалаҳои ҳамкории сиёсӣ, тиҷоратию иқтисодӣ ва фарҳангиро баррасӣ намуданд.

Ба пешбурди лоиҳаҳои сармоягузорӣ ва рушди робитаҳои нақлиётӣ-логистикӣ диққати махсус дода шуд. Ҷонибҳо инчунин, ҷадвали чорабиниҳои дуҷонибаро барои соли 2026, аз ҷумла сафари эҳтимолии сарвазири Хорватия ба Остонаро баррасӣ намуданд.
Дар натиҷаи мулоқот дипломатҳо муносибати амиқтар намудани ҳамкории байни ду кишварро тасдиқ намуданд.
Аксҳо: ВКХ ҶҚ
