Вашингтон, 4 феврали соли 2026-АИ «Караван инфо». Вазири корҳои хориҷии Қазоқистон Ермек Кошербаев бо аъзои калидии Конгресси ИМА мулоқот намуд. Вохӯриҳо дар доираи сафари Вашингтон баргузор шуданд.

Кошербаев вазъи кунунӣ ва дурнамои ҳамкории қазоқистону амрикоро бо раиси Кумитаи муносибатҳои байналмилалии Палатаи намояндагон Брайан Маст ва сенатор Стив Дэнс муҳокима намуд.
Сардори ВКХ-и Қазоқистон хусусияти стратегии муносибатҳои байни ду кишварро таъкид намуд. Вай аҳамияти фаъолсозии робитаҳо байни мақомоти қонунгузорро қайд намуд.
Дар ҷараёни мулоқот бо конгрессмен Маст, ҳамсӯҳбатон динамикаи ҳамкории дуҷонибаро мусбат арзёбӣ намуданд. Ба мувофиқа расиданд, ки кори муштаракро оид ба амиқ намудани ҳамкории тиҷоратию иқтисодӣ, аз ҷумла лоиҳаҳо дар соҳаи минералҳои муҳим идома диҳанд. Сафари ҳайати конгрессменҳои ИМА ба Қазоқистон дар моҳи март алоҳида муҳокима намуда шуд.
Сенатор Дэнс курси мутавозин ва созандаи сиёсати хориҷии Қазоқистонро қайд намуд. Вай аҳамияти ташаккули шароити мусоиди қонунгузорӣ дар Конгресси ИМА-ро барои густариши робитаҳои тиҷоратии дуҷониба, аз ҷумла тавассути таъсиси режими муносибатҳои доимии муқаррарии тиҷоратӣ таъкид намуд.

Вай гуфт, ки корҳо оид ба қабули қарорҳои зарурии қонунгузорӣ, ки ба бекор кардани ислоҳи Ҷексон – Веник равона шудаанд, идома доранд.
Дар анҷоми вохӯриҳо Кошербаев қонунгузорони амрикоиро даъват намуд, ки барои муҳокимаи амалии дурнамои рушди минбаъдаи ҳамкорӣ ба Қазоқистон ташриф оранд.
Аксҳо: ВКХ ҶҚ
