Остона, 11 феврали соли 2026 АИ «Караван Инфо». Вазири корҳои хориҷии Қазоқистон Ермек Кошербаев сафири Туркия Мустафо Капуҷро қабул намуд. Ҷонибҳо рушди ҳамкориҳои дуҷонибаро баррасӣ намуданд.

Ба масъалаҳои татбиқи созишномаҳои бадастомада, ки ба таҳкими шарикии васеи стратегӣ байни ду кишвар равона шудаанд, диққати махсус дода шуд. Инчунин, омодасозии сафарҳои дарпешистода дар сатҳи баланд ва олӣ муҳокима намуда шуд.
Ҷонибҳо масъалаҳои ташкили ҷаласаи 14-уми комиссияи Байниҳукуматии иқтисодии Қазоқистон-Туркияро баррасӣ намуданд. Аҳамияти таҳкими ҳамкории амалӣ ва татбиқи лоиҳаҳои муштарак дар соҳаҳои тиҷоратию иқтисодӣ, сармоягузорӣ ва нақлиётӣ – логистикиро қайд намуданд.
Бо тасдиқи сатҳи баланди муносибатҳои дӯстона, ҷонибҳо изҳори манфиатдорӣ намуданд, ки ҳамкории зичро дар доираи Ташкили давлатҳои туркӣ идома диҳанд.
Аксҳо: ВКХ-и ҶҚ
