Душанбе, 08 апрел, – АИ «Корвон Иттилоот». Тоҷикистон қадами навбатиро дар самти навсозии низоми тандурустӣ гузошта, ҳамкориҳои байналмилалиро тақвият медиҳад: дар пойтахт миёни ИМА ва Тоҷикистон ёддошти ҳамкорӣ ба муҳлати панҷ сол ба имзо расид, ки ҳаҷми умумии сармоягузорӣ то соли 2030 тақрибан 78 миллион долларро ташкил медиҳад.

Ин санад 6 апрел дар мулоқоти вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон Ҷамолиддин Абдуллозода бо кордори муваққатии Сафорати ИМА дар ҷумҳурӣ Релитс Рокер ба имзо расид. Созишнома заминаи ҳамкориҳои дарозмуддатро дар яке аз бахшҳои муҳими иҷтимоӣ фароҳам меорад.
Самти асосии ҳамкорӣ мубориза бо бемориҳои иҷтимоӣ, аз ҷумла ВИЧ ва сил, инчунин тақвияти низоми вокуниш ба хатарҳои сироятӣ мебошад.
Созишнома рушди низоми ошкорсозӣ ва назорати бемориҳоро пешбинӣ мекунад, ки имкон медиҳад аз вокуниш ба пешгирӣ гузарем. Дар доираи ҳамкорӣ навсозии озмоишгоҳҳо, такмили низомҳои иттилоотӣ ва беҳтар намудани ҳамоҳангсозии байниидоравӣ амалӣ карда мешавад.
Инчунин ҷорӣ намудани технологияҳои рақамӣ дар хизматрасониҳои тиббӣ, аз ҷумла телемедицина, аҳамияти махсус дорад.

Рушди иқтидори кадрӣ яке аз самтҳои калидӣ арзёбӣ мегардад. Баланд бардоштани сатҳи тахассуси кормандони соҳаи тиб барои устувории низом аҳамияти ҳалкунанда дорад.
Имзои ин санад нишонаи густариши ҳамкориҳои байналмилалӣ дар соҳаи тандурустӣ мебошад. Барои Тоҷикистон ин имкониятест барои ворид намудани таҷрибаи пешқадам ва технологияҳои муосир.
Дар маҷмӯъ, татбиқи созишнома метавонад сифати хизматрасониҳои тиббиро беҳтар намуда, сатҳи амнияти эпидемиологиро баланд бардорад.
АКС: Вазорати тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон
