Остона, 20 феврали соли 2026-АИ «Караван инфо». Дар Вашингтон Президенти Қазоқистон Касим-Жомарт Токаев бо директори генералии ширкати сармоягузории Ashmore Group Марк Кумбс мулоқот намуд. Ҷонибҳо дурнамои лоиҳаҳои муштарак ва густариши ҳамкориҳои сармоягузориро баррасӣ намуданд.

Ба президент нақшаи сохтмони клиникаи байналмилалӣ дар Қазоқистон пешниҳод намуда шуд. Лоиҳа дар якҷоягӣ бо Ashmore Healthcare International ва ширкати “Самрук-Казина Инвест” бо иштироки оператори пешбари тиббии Ҷаҳонӣ Mount Sinai амалӣ намуда мешавад. Сарвари давлат омодагии Ҳукуматро барои дастгирии зарурӣ барои оғози иншоот қайд намуд.

Марк Кумбс иқтидори баланди бозори қазоқистон ва таваҷҷӯҳ ба кор дар соҳаҳои стратегӣ ва баландтехнологиро таъкид намуд. Имкониятҳои ҳамкорӣ дар доираи барномаи шарикии кушодаи сармоягузорӣ низ баррасӣ намуда шуданд.
Аксҳо: Акорда
