Семинари Академияи миллии илмҳоиТоҷикистон (АМИТ): 20 сол омӯзиши системаи офтоб ва саҳми донишмандони тоҷик дар рушди астрономия – ИА Караван Инфо
Семинари Академияи миллии илмҳоиТоҷикистон (АМИТ): 20 сол омӯзиши системаи офтоб ва саҳми донишмандони тоҷик дар рушди астрономия

Душанбе, 09 феврал, – АИ «Корвон Иттилоот». Имрӯз, 05 феврали соли 2026, дар Институти астрофизикаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон (АМИТ) семинари илмӣ таҳти унвони «Системаи Офтоб» баргузор гардид, ки ба 20-солагии омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ ва илмҳои дақиқ бахшида шуда буд. Дар ин чорабинӣ муҳаққиқон, аспирантҳо ва донишҷӯёне, ки ба астрономия, риёзиёт ва усулҳои таҳлили додаҳои илмӣ шавқ доранд, ширкат карданд.

Семинар ду бахши маърӯзаҳоро дар бар гирифт. Дар бахши аввали семинар натиҷаҳои таҳлили омории мушоҳидаҳои метеорҳои Тоҷикистон барои солҳои 2024–2025 муаррифӣ гардиданд. Ҳаморан Г.И. Қоҳирова, Вида Д., М. Пирхониён, З.К. Назарова ва П. Гулмуродзода баромад карданд ва нишон доданд, ки чӣ тавр истифодаи усулҳои муосири риёзӣ ва коркарди додаҳо барои муайян кардани закономерностьҳо дар мушоҳидаҳои метеор, пешгӯии фаъолияти ҷараёнҳои метеор ва фаҳмидани равандҳои атмосферӣ ва кайҳонӣ кӯмак мекунад. Дар ин бахш ба истифодаи моделсозӣ ва таҳлили силсилаҳои вақтӣ таваҷҷуҳи махсус зоҳир гардид, ки имкониятҳои нав барои рушди таҳқиқоти астрофизикӣ дар Тоҷикистон фароҳам меорад.

Бахши дуюм ба мавзӯи таърихӣ ва илмӣ бахшида шуд. Бахромзод Р. ва А.М. Буризода маърӯзаи «Реконструкция даты и параметров лунного затмения, предсказанного Ахмадом Донишем, по свидетельству Садриддина Айни» пешниҳод карданд. Дар ин таҳқиқ пайванди илмҳои дақиқ, манбаъҳои таърихӣ ва астрономия баррасӣ гардид ва саҳми донишмандони забардасти тоҷик, аз ҷумла Аҳмади Дониш, дар рушди донишҳои астрономӣ ва тафаккури илмӣ таъкид шуд. Маърӯза инчунин ба усулҳои барқарорсозии рӯйдодҳои астрономии таърихӣ равона шуда буд, ки ба муҳаққиқони муосир имконият медиҳад дақиқии мушоҳидаҳои қадимро арзёбӣ кунанд ва таърихи илмро дар Осиёи Марказӣ беҳтар фаҳманд.

Дар ҷараёни семинар иштирокчиён фаъолона мубодилаи афкор намуданд, аз ҷумла дар мавриди усулҳои нави омӯзиши равандҳои кайҳонӣ, истифодаи методҳои риёзӣ ва компютерӣ дар коркарди додаҳои астрономӣ ва имкониятҳои ҳамкории илмӣ ва нашри мақолаҳои муштарак. Чорабинӣ робитаҳои илмӣ байни муассисаҳо ва мактабҳои Тоҷикистонро тақвият дод ва барои ҷалби ҷавонон ба лоиҳаҳои байналмилалии астрономӣ замина фароҳам сохт.

Ташкилкунандагон таъкид карданд, ки семинарҳои чунин шакл барои рушди касбии мутахассисони ҷавон, ба вуҷуд овардани шавқи омӯзиш дар фанҳои дақиқ ва баланд бардоштани обрӯи тадқиқоти тоҷик дар ҷомеаи ҷаҳонии илмӣ муҳим мебошанд.

АКС: Институти астрофизикаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон (АМИТ).

error: